Се дзюдочии маъруфи тоҷик дар раддабандии нави ҷаҳонӣ оид ба дзюдо дар мавқеи хуб ҷойгиранд
ДУШАНБЕ, 02.11.2020 / АМИТ «Ховар» /. Федератсияи ҷаҳонии дзюдо (IJF) феҳристи варзишгарони ҷаҳонро дар шакли раддабандӣ ба нашр расонид, ки миёни дзюдочиёни ҷаҳон 3 паҳлавони шинохтаи тоҷик низ ҷойгиранд. Миёни паҳлавонони вазни -73 кг Сомон Маҳмадбеков мақоми 14-умро соҳиб шуда, 3202 хол ба даст овардааст. Дар ҳамин вазн дар мақоми 16-ум паҳлавони дигари тоҷик Беҳрузи Хоҷазода ҷой гирифтааст. Ӯ соҳиби 2708 имтиёз мебошад. Варзишгари дигари тоҷик Комроншоҳ Устопириён бо 2024 имтиёз дар мақоми 25-уми вазни то 90 кг қарор дорад.
Дар ин бора аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба ғайр аз ин се нафар паҳлавони сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100 кг бо 1821 имтиёз мақоми 28-умро касб кардааст.
Хотиррасон мешавем, ки раддабандии нави дзюдои ҷаҳонӣ баъди баргузории Grand Slam-и Будапешт сурат гирифт, ки он 23-25 октябри соли равон баргузор гардида буд.








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






