Шаҳрванд барои ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил намудани довталаб 49 300 сомонӣ гирифтааст

Ноябрь 30, 2020 10:03

ДУШАНБЕ, 30.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Нисбат ба  Сафарова Латофат Саъдиевна бо моддаи 247 (қаллобӣ), қисми 4 банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди итмоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Номбурда дар вазифаи мудири Муассисаи давлатии таълимии томактабии №23-и шаҳри Бохтар кор карда истода, бо истифода аз мақоми хизматиаш аз  шаҳрванд Раҷабова Д.А. барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино дохил намудани ҷиянаш-Раҷабов И.Ф. дар давраи аз моҳи июни соли 2019 то инҷониб дар се ҳолат маблағи умумии 49 300 сомониро талаб карда гирифта, тасарруф намуда, ба манфиати номбурда ягон амал иҷро накардааст.

 

Ноябрь 30, 2020 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд