«ШОИРЕРО ОФАРИДАН КОРИ ЯК САДСОЛАЕСТ…». 20 ноябр – зодрӯзи устод Бозор Собир

Ноябрь 20, 2020 16:30

ДУШАНБЕ, 20.11.2020 /АМИТ  «Ховар»/. Имрӯз, 20 ноябр ба зодрӯзи шоири маъруфи тоҷик устод Бозор Собир 82 сол пур мешавад. Агар аз барҷастатарин симоҳои шеъри муосирамон пас аз устод Мирзо Турсунзода хоҳем ҳарф бизанем, бидуни шубҳа исми се нафарро бояд ба забон орем, ки инҳо устодон Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир ҳастанд. Вежагии барҷастаи ин се нафар шоири муосири мо пеш аз ҳама дар навоварӣ ва  саҳми бузургест, ки онҳо дар бунёди шеъри навини мо гузоштаанд.

Чун имрӯз сухан аз Бозор аст, метавон гуфт, ки дар он замоне, ки дар майдони шеъри муосири мо Мӯъмин Қаноат яккатоз буду Лоиқ Шералӣ вирди забонҳову зеби минбарҳо гардид, душвор буд, ки боз шоире арзи вуҷуд кунад, ки ҳаводорони шеъру адаб бо кафкӯбиҳо ӯро пешвоз гиранд. Аммо чунин шоир дар симои Бозор Собир арзи вуҷуд намуд.  Дар зер  ба муносибати зодрӯзи устод Бозор СОБИР   пажӯҳиши Шоири халқии Тоҷикистон,  ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛОро      пешкаши   хонандагон менамоем.

Бозор-шоири хайрхоҳ ва некбин

    Устод Бозор Собир баъд аз устодон Мӯъмин Қаноат ва Лоиқ  Шералӣ шоирест, ки дар рушди бунёди шеъри навини мо саҳми бузург дорад ва ин даъворо дар ин навишта баён хоҳем дошт.

Дар замони навқаламиву ҷавониамон  устод Бозор Собир буд, ки мо, ҷавонон, шеърҳои шогирдонаи худро ба ҳузураш мебурдем. Ва ҳамин Бозор Собир буд, ки моро бо рўи хуш қабул мекард ва дар сари навиштаҳои шогирдонаамон бедареғ соатҳо менишаст, андеша мекард, қалам мезад, таҳрир менамуд ва барои шеъромўзию ҳунари шеъру сухангустариро омўхтани мо вақти худро дареғ намедошт. Ҳатто ба назари ман чунин менамуд, ки хондани шеърҳои шогирдонаи мо то ҷойе аз таваҷҷуҳи худи Бозор сар мезад, ки ин ҷавонон чӣ менависанд, чӣ тахайюлоти шоирона доранд? Хуллас, ў вақти худро барои ин кор арзонӣ медошт ва ин корро бо самимияти инсонӣ анҷом медод. Хусусан, замоне ки ў дар шуъбаи адабиёти бадеии рўзномаи «Маориф ва маданият», баъдан ба сифати мудири шуъбаи назми «Садои Шарқ» кор мекард. Албатта, ў танҳо бо он ҷавонони эҷодкоре чунин муносибат менамуд, ки дар онҳо ягон дурахши ҳунару истеъдодашонро мушоҳида мекард.

Устод Бозор ба шахсият, киву куҷоӣ будани навқаламон аҳамият намедод, ў ҳамеша ба навиштаҳои ҷавонон арзиш мегузошт ва беҳтарини онҳоро хуб таҳрир мекард ва ба дасти чоп месупурд.

Банда низ борҳо аз дастгириҳои устод Бозор бархўрдор ва шарафёб шудаам. Дар замоне ки дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба нашр расидани шеър ба ҳар шоир муяссар намешуд ва нашри як шеъри шоири ҷавон дар ин нашрия маънои эътирофи ўро дошт, устод Бозор Собир, ки аз ин пеш шеърҳои маро дар рўзномаи «Маориф ва маданият» ба табъ расонида буд, аз панҷ шеъри банда якбора чортоашро  дар ин маҷаллаи бонуфуз ба  нашр расонид. Ва шояд бори аввал буд, ки ин миқдор шеъри як шоири ҷавон, ки нав донишкадаро хатм кардааст, дар чунин маҷаллаи номдор дар як шумора чоп шавад. Нақли ин ҳикоят на барои таърифи банда, балки барои нишон додани он аст, ки устод Бозор чи гуна некбин, хайрхоҳ  ва покдил буд.

Баъдан, вақте ки устод Бозор вазифаи мушовири шуъбаи назми Иттифоқи нависандагонро бар дўш дошт, мо, ҷавонон, шеърҳои худро пеши ў мебурдем ва ў ҳеҷ гоҳ вақти худро барои кор бо ҷавонон дареғ намедошт. Ҳамеша дар рўи мизи кораш даста-даста шеъри шоирон, аз ҷумла, ҷавонон буд ва ў ҳамеша сари хам ба мутолиаву таҳрири онҳо машғул мешуд. Бозор Собир ба шахсияти ину он тафриқа намегузошт, фақат ба шеър баҳо медод. Ва саҳми Бозор дар дастгирӣ ва тарбияти шоирони ҷавони он солҳо хеле бузург аст.

Устод Бозор як инсони табиатан хеле ором ва батамкин  буд. Гумон мекардед, ки мушкиливу изтиробе надорад. Аз ин рў, боре, замоне ки дар маҷаллаи «Садои Шарқ» бо ҳам кор мекардем, ба ў нигариста, гуфтам: «Устод ба Шумо ҳавасам меояд». Гуфт: «Чаро?» Гуфтам: «Шумо табиати ором доред, парвои дунё надоред». Ў гуфт: «Зоҳиран чунин менамояд. Ту чӣ медонӣ, ки дар дили ман чиҳо мегузарад?» Баъд аз ин ман мушоҳида мекардам, ки устод Бозор дар ҳама ҷо, дар ҳама ҳолатҳо дар тахайюлоти худ фурў рафтаву ғарқ дар андешаҳост.

Савганди шеър

Ба назар чунин мерасад, ки Бозор Собир, пеш аз он ки ба дару дарвозаи шеър наздик ояд, хеле худро омода намудааст, хуб андешидааст. Ў мисли ин ки аввал муайян намудааст, ки ин чӣ дарвозаест ва ў чаро ин дарвозаро мекўбаду вориди он мешавад.

Ин ба он мемонад, ки одам пеш аз намоз, пеш аз он ки бо Худованд ва асли худ рў ба рў бошад, аввал худро ботинану зоҳиран покиза мекунад, омода мешавад ва сипас рўи ҷонамоз рў ба қибла бармехезад.

Аз ин рў, чунин  менамояд, ки Бозор Собир гўё шартномае баста буд бо виҷдони худ, бо табъи худ, бо асолати худ, ки ба ин дин – дини муҳаббат мегаравад ва  умре ин ҷонамоз, яъне ҷонамози сухан, ҷонамози шеърро покиза медорад ва ниёишҳои инсонии худро дар он мегузорад.

Барои содиқ мондан ба ин зуҳуроти олӣ, ки номаш калом аст, ў худ қасам эҷод кард ва ин қасамро эрод кард. Сабаби  на дар наврасиву ҷавонӣ, балки баъдтару дертар ҳамчун шоир зуҳур кардани Бозор ҳамин аст, ки ў бо камоли ҷиддият вориди олами шеър гардид. Қадамҳои нахустини ў пухта, огоҳона ва бо дарки ҳама масъулиятҳое буданд, ки дар рў ба рўи як эҷодкор меистанд:

Ман намедонам, ки дар савдои шеър
Шоири аз шоирӣ ношод кист,
Лек рўзе бе ғазал, бе шеъри тар монад агар лабҳои ман,
Чун лабони чашмаҳои хушк парсин мезананд,
Ҳеҷ кас монанди ман ношод нест.
Шукри он вақте ки аз банди ҷигар
Байтҳои тоза берун мешаванд…
Дар сари ҳар байт, ҳамчун дар сари гаҳворае,
Чун зани навзод шодам.
Дар сари ҳар байт, ҳамчун дар сари пайроҳае,
Гӯӣ маҳбуси навозодам…

Муносибати Бозор ба шеър бо дарки олии масъулият дар пеши сухан аст, ў бо шеър чун бо зуҳуроти олӣ, чун бо каломе, ки аз боло меояд, муносибат дорад:

Шукри он шеъре, ки мисли кўдаке,
Бо азоби талх тавлидаш кунанд.
Рўзи наврўз аст ҳар рўзе, ки халқе, миллате
Дар ҷаҳон чун зодрўзи шоире идаш кунанд…

Дар ин шеър («Шоиру шеъре агар ҳаст»), ки чун қасам, чун савганди сухан ва ниёиши шоирӣ садо медиҳад, аслан меҳвар, ҳадаф, мазмун ва рисолати шеъру шоирӣ хеле равшану барҷаста баён шудааст:

Шоире, к-аз синааш ҳар нуктаро
Меканад чун маъдане аз кон,
Балки ҳамчун порае аз ҷон.
Мисли маҳбусе, ки дар талвосаи ҷон канданаш
Меканад девори маҳбасро ба дандон…

Нақши шеър дар ҷомеа чӣ бояд бошад ва мавқеи шеър дар зиндагии халқ то куҷост?

Халқ рўзи тўю рўзи мотамаш
Дафтару девони ўро мекушояд ҳамчу дастурхони хеш,
Шеъри ўро ташнаҳо чун об менўшанду чун нони ҳалол
Гушнаҳо бо ҳам баробар бахшу қисмат мекунанд.

Аслан агар мо ба саволи шеър чист ва шоир кист ҷавоб доданӣ бошем, аслан агар мо тамоми вижагиҳои шеър ва чӣ будани шахсияти шоирро хоҳем муайян кунем ва ба хонанда содаву осон дастрас намоем, таҳлилу таҳқиқу баррасии ҳамин як шеър кофист, ки мо ба ҳама саволҳои худ ҷавоб ёбем:

Шоиреро офаридан кори як садсолаест,
Сахт коре, бори як  сайёраест.

Барои шоири асил, шоире, ки ҳама вуҷуд, ҳама буду шуди худро ба шеъру шоирӣ бахшидааст, шеър ҳама чиз аст, бештар аз ҳама дороиву хушбахтиҳост.

Розиям бадбахт бошам, лек бошам шоире,
Розиям сарсахт бошам, лек бошам шоире,
Розиям чун Саъди Салмон
Бо гуноҳи шоирӣ дар чоҳу зиндонам кунанд,
Чун Ҳилолӣ шеър дар лаб сангборонам кунанд…
Розиям ман дар хатои шеър ранҷурам кунанд,
Балки ҳамчун Рўдакӣ кўрам кунанд.
Розиям мирам, маро дар хок наспоранду лек
Шеър дар дастам бимирам,
Шеър дар ҳалқам бимирам,
Шоири халқам бимирам…

Ин шеърро метавонист касе эҷод кунад, ки воқеан ба майдони сухан бо тани урён, бо камоли эътимод ворид шудааст ва сипараш танҳо дил аст ва силоҳаш танҳо сухан ва ҳозир аст  дар ин майдон ҷон нисор кунад.

Баъдан Бозор Собир бо зиндагӣ ва эҷодиёти худ исбот кард, ки ў ба савганди шоирии худ содиқ монд. Ў дар ҳолатҳои гуногун буд, дар маҷроҳои мухталифи зиндагӣ фурў ғўтид, басе тўфонҳову бўҳронҳо бар сараш омаданд, балки ў ҳама чизро аз даст дод, аммо як чизро бо худ чун муқаддасот нигаҳ дошт, яъне садоқат ба шеърро.

Ин қасамномаи шоирии Бозор хеле мутантан, муассир ва самимона, аз мағзи дилу ҷон садо медиҳад. Воқеан агар шеъру шоирӣ қасам дошта бошад, ҳамин шеъри Бозор Собир аст.

Дар олами шеър танҳо шоире метавонад муваффақ шавад, ки тамоми вуҷуди худро ба шеър бахшидааст, шеър барои ў обу нон бошад, ҷуз ба шеър наяндешад, аз баҳри зиндагии шахсӣ, ҷамъиятӣ ва ҳатто хонаводагӣ бигзарад, шеър ҳамсари ў, шеър дўсту бародари ў, шеър дини ў, мазҳаби ў, шеър маъшуқаи ў бошад. Баъд дар ҷавоби ин қадар ҷонфидоиҳо маъшуқае, ки номаш шеър аст, шояд гўшаи абрў ба шумо бинамояд… (Ахавони Солис)

Рисолати шоир

Аввалин нишонаи шеъри асил ва баланд, аввалин сифате, ки асолати шеър тақозо дорад, ҳадафи волост, ки бояд ҳар шеър дошта бошад. Шоир бояд донад, ки мақсад аз гуфтани ин шеър чист. Қимати шеър ва ҳар як асари дигари бадеиро пеш аз ҳама ҳадафи баланд ва нишонрас доштани он муайян мекунад.

Баъдан арзиши шеър бори маъноест, ки он бар дўш дорад. Яъне шеър чӣ андеша ва чӣ мазмунро ифода мекунад?!

Сониян, нишонаи асолати шеър асари ҳунар, асари санъат будани он аст. Яъне шеър, то куҷо ҳунармандона гуфта шудааст. Санъатҳои шеърӣ, баёни шоирона, забони шоирона, эҳсосот ва муҳаббати самимие, ки ин шеърро фаро гирифтааст.

Талаботи асосӣ аз шеъри муосир тозагӣ ва навии ўст. Яъне шеъри асил бояд бозёфтҳои тозаи ҳунармандонаро дар худ таҷассум бикунад. Шоир бояд ихтироъкор, кошифи маънову тасвирҳои нав ва шеъраш моли тозаи адабиёт бошад.

Дигар ҷиҳати ногузири шеъри асил, ба андешаи банда, ин аст, ки бояд симои замонро дар худ таҷассум кунад, набзи вақт дар он шунида шавад ва ормонҳои инсонӣ дар он баён ёбанд. Шеъри олӣ мутааллиқ ба инсоният, мутааллиқ ба башар аст.

Шеър на бояд ҳикояти мо дар бораи зиндагӣ, балки худ ба худаш зиндагӣ бошад. Шеър на бояд нақли мо дар бораи гиряву хандаамон, балки худ гиря, худ ханда бошад. Вақте гиря аст, ҳарфҳо чун донаҳои ашки ошиқ бирезанд, вақте ханда аст, ҳарфҳо мисли табассум дар лабҳо бишукуфанд.

Мисол? Инак, аввалин байте, ки аз Бозор ба ёд меояд:

Мўсафеди умри ман дар панҷааш
З-устухони ман асо дорад сабук.

Шумо мебинед ин мўсафедро, ў рў ба рўи шумост. Ин байт пораи зиндагии инсон аст. Бо истифода аз санъатҳои бадеӣ шоир дар ин байт худи зиндагиро тавонистааст таҷассум созад.

Асрори шеъри Бозор Собир

Вақте сухан дар мавриди шеъри муосири тоҷик меравад, мегўем Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир… Инҳо қуллаҳои намоёни шеъри муосири моянд. Агар имрўз назми муосири мо чеҳраҳои пазируфтае, монанди Гулназар, Гулрухсор, Фарзона ва чандин симоҳои дурахшоне дорад, ки имрўз дар шеъри муосири мо саҳми арзанда мегузоранд ва баъзеи онҳо дар майдони шеъри муосири ҳамзабонон низ  метавонанд истодагӣ кунанд, бе таъсир ва саҳми устодони фавқуззикр нест. Дар мавриди шеъри устод Муъмин Қаноат, устод Лоиқ, устод Қутбӣ, устод Гулназар, Раҳмат Назрӣ, Зиё Абдулло, Озар ва дигарон банда андешаҳое баён карда будам ва мехоҳам суҳбати худро дар бораи шеъри муосир дар мисоли ашъори устод Бозор идома диҳам.

Чуноне ки гуфтам, Бозор Собир огоҳонаву омодаву бо камоли масъулияти суханварӣ ба майдони адабиёт қадам гузошт. Ў аз шоиронест, ки бе баҳс аз ҷониби ҳаводорони адабиёт, ҳам мутахассисон ва ҳам хонандагони одӣ пазируфта шуд ва маҳбубият пайдо кард, дар дилҳо ҷо гирифт. Аммо дар чист асрори комёбиҳои ў дар олами шеър?!  Ҳанўз адабиётшиносӣ ва нақди адабии мо таҳқиқоти ҷиддие дар мавриди шеъри ў анҷом надодаанд.

Бозор Собир бо шеъри худ, бо забони худ, бо ҳунари худ ба адабиёт омад. Сирри комёбиҳои ў дар он аст, ки сухани тоза гуфт, бозёфтҳо ва кашфиёти тоза дар шеъри муосири мо, аз ҷумла ҳосили табъи худодод, такопў ва заҳматҳои ўянд. Бозор шеъри нав гуфт, сухани тоза гуфт. Чизи нав, чизи тоза агар дилкаш аст, агар зебост, ҳамеша инсонро тасхир мекунад. Инсон ҳамеша чизи тоза меписандад. Либоси тоза, зебо, дилкаш, ки ба қадди шумо шинам аст, ҳамеша ҷойгоҳи чизҳои куҳнаро танг мекунад, ҷойи либосҳои  пешинаро мегирад. Инак, шеъри Бозор Собир ҳамин пироҳани наву муҷаллое буд, ки мардум зуд онро пазируфтанд, харидори он шуданд.

Китоби Бозорро гирифта барои исботи андешаҳоям шеър намеҷўям, балки ҳарчи ба ёдам ҳаст, меорам:

Дарё манам, дарё туӣ, олам ҳама об аст…

Таваҷҷуҳ кунед, тахайюлоти шоир аз оғоз чи гуна моро фаро мегирад ва то ба куҷо мебарад:

Дарё манам, дарё туӣ, олам ҳама об аст…

Хонанда бо тарзи баёни нав, бо ифодаву забони тозае дар шеър рў ба рў меояд. Ин суханҳо зуд шуморо фаро мегиранд, осон қабул мешаванд ва базудӣ шумо ба ин ҳолат ворид мегардед.

Ин дарё чӣ дарёест? Дар мисраи дуюм ҷавоб меёбед ва боз ҳам зуд, осону равшан қабул мекунед:

Ошиқ манам, ошиқ туӣ, ду дида бехоб аст.

Ин ҷо таносуби дарёву дидаву ишқ чунон созгор омада, ки шумо ин ҳолати табииро бе тардид мепазиред.

Эҳсос мекунед тарзи ғайричашмдошти баёни андешаро? Тозагии забону баёнро? Хусусан, дар он замоне ки шоир ин шеърро гуфта буд:

Имшаб даруни синаам шуд равшанӣ афзун,
Чун зери дарё менамояд қалбам аз берун…

Дар шеъри мо ин тасвирҳо, ин маънибардориҳо, ин баёнҳо ҳама тоза ва нав буданд:

Набзам ба мисли набзи соат метапад мавзун…

Ин шеъри тоза аст, ки ҳамон набзи мавзун дар набзи шеър ворид, ҳамон зулолии дарё, ҳамон равшании сина… дар шеър таҷассум шуда. Боз ҳам банд ба банд сухан, тасвир, баён тозатару тозатар ва бо тасвирҳои равшану фаҳмо намоён мешавад:

Имшаб на танҳо бо ту ман зону ба зонуям,
Рўида аз бозуи ту ин ҳар ду бозуям.
Имшаб ту аз ман рустаӣ, ман аз ту мерўям…

Оё шоири пешин дар бораи арўсу домод ё шаби арўсӣ чунин суханрониҳоро ба худ раво медид? Бозор қолабҳои пешинаро мешиканад, ба сухан, ба тасвир озодӣ медиҳад, аммо бо камоли ҳунар ва эҷодкорӣ…

Дарё манам, дарё туӣ…  Ин ҷо сухан тасвир аст, ин ҷо сухан худи дарёст, худи ишқ аст, ки пеши назар меояд. Тасвири ишқ нест, худи ишқ аст, ки пеши назар  меояд…

Порае аз шеъри дигари Бозорро ба ёд меорем ва боз ҳам ҳамин гуна тозабаёниҳо, ҳамин гуна тасвирҳои зинда ва ғайри маъмулӣ, забону баёни тозаро мушоҳида мекунем:

Зангўлазанон гузашт борон,
Чобуку ҷавон гузашт борон,
Бо шилшилаҳо гузашт борон,
Бо силсилаҳо гузашт борон,
Монанди занон гузашт борон…

Вақте шоир мегўяд, ки «монанди занон гузашт борон», вақте ин сухани ғайричашмдошт ва ин тасвири ғайримаъмулиро мехонед, шумо онро зуд ва хуш мепазиред, шумо ба умумиятҳои хосси ин ду чизи зоҳиран ба ҳам номонанд бовар мекунед ва ҷойи ягон баҳсе ҳам намемонад,  ки гузаштани борон ба гузаштани занон ва табиати борон ба табиати занон ва сурату сирати борон ба сурату сирати занон шабоҳате дорад.

Ҳамин гуна Бозор пайваста ба ашё, ба табиат бо чашми шоирона менигарад  ва кашфиёти тоза ба тозаи бадеӣ мекунад:

Ин чашмаро нигаҳ кун,
Чашми занона дорад.
Ин лолазори гулпўш
Шарми занона дорад.
Ин беди ларзаро бин,
Рақси занона дорад.
Ин кишти тозаву тар
Зулфи занона дорад.

Сухани нав, тасвири навро шоир бо камоли муҳаббат чунон боварибахш мегўяд, ки на ҷойи тардид мемонад ва на ҷойи баҳс.

Оре, ба андешаи мо, яке аз вижагиҳои асосии шеъри Бозор Собир дар ҳамин тозабаёниҳост.

Овози ту овезон,
Чун шаршара, дар гўшам.
Аз шаршараи мўят
Менўшаму менўшам.

Овезон шудани овоз чун шаршара дар гўш, нўшидан аз шаршараи мўйи маъшуқа – ин ҳама мушоҳида ва тасвирҳои тозаи шеъри навини моянд, ки як пайроҳаи нав, як майдони нав, як тарзи нави шеърро дар адабиёти мо бунёд мегузоранд. Бояд таъкид кард, ки ин  шеърҳо сӣ-чилсола шуданд. Яъне, то ҷойе имтиҳони вақтро гузаштаанд ва тозаву тар мондаанд.

Бозор мекўшад аз тарзи баёни маъмулию дилбазан худро канор гирад ва бо тасвиру образҳои тоза шеъри тоза гўяд. Албатта ин коре нест, ки ба ҳар эҷодкор муяссар шавад ва барои расидан ба он истеъдоди фавқулода бояд дошт ва заҳмати ҷоннисорона бояд кашид.

Шумо тасаввур мекардед,  ки тугмаи зангўлаи паси дар образи зебои шоирона шавад ва як олам бори маънӣ ба дўш гирад?

Ман тугмаи садоям дар пушти ин дари танг,
Ҳар қадр мефишоранд, он қадр мезанам занг…

Тугмаи садо дар паси дари танг чист? Ва ин дари танг ва ин тугмаи садо дар паси тасвири худ чӣ маъниҳо доранд?

Шеъри «Хонаи мўр» шеърест, ки барои як рисола мавзўъ медиҳад:

Рўи ба рў диламро пур кардаам зи ҳар боб,
Чун ҷомадони кампир аз ҷомаи кафанбоб…
Беҳуда ман давидам, дарёву ҷў гирифта,
Гулмоҳиро дигарҳо аз оби рў гирифта…

Метавон дар бораи маъниҳои иҷтимоӣ ва инсоние, ки дар паси мисраъҳои ин шеъри зебои тозабаён пинҳонанд, хеле ҳадс зад.

Ҳамин гуна дар ҳар мавзўе, ки Бозор Собир шеър менавишт, тозагиҳое дар тасвир, бозёфтҳои шоиронае дар мазмун ворид месохт. Ва дар пеши назари мо мавзўъҳои маъмуливу симоҳои шинохта бо тасвирҳои тоза ва дурахшу тобишҳои нав зуҳур мекарданд.

Тозагӯиҳои Бозор Собир

Дар мавзўи модар шоирони асили мо шеърҳои мондагор гуфтаанд ва устод Лоиқ ин симоро он қадар самимона, табиӣ ва муҷалло ба қалам дод, ки баъд аз ў душвор аст чизе афзудан. Аммо Бозор Собир тозагиҳое дар ин мавзўъ ҳам аз худ ворид мекунад:

Қатраҳо аз шишаҳои модари ман метаровад,
Мерасад он лаҳза чашми модари пирам ба хотир.
Ҳар қадар обе, ки ў дар зиндагонӣ хўрда буд,
Зиндагӣ баргашта онро рехт аз чашмонаш охир…

Бозор Собир  як гулгашти боғи худро дар назари мо аз образи модари деҳот бо хурдтарину самимитарин ҷузъиёти шоиронае, ки хосси модари кӯҳистон аст, хосси рўзгори деҳа аст, бунёд сохт, ки тамоми манзара, рангу бў, накҳати кўчаву айвон, боғу полезу адирҳои деҳаро метавон аз он эҳсос карда бўиду шамид.

Дар навдаи тути модар овезон,
Чун халтаи чакка халтаи маҳтоб.
Дар кундаи тути модар овезон,
Чун халтаи моҳ халтае ҷурғот.

Чун халтаи моҳ овезон будани халтаи ҷурғот ё чун халтаи чакка овезон будани халтаи  моҳ– инҳо тасвирҳо ва таносубҳои наву тозаанд, ки манзараҳои хонаи модарро дар деҳа хеле табиӣ ва самимӣ таҷассум мекунанд. Манзараҳои дерине, ки олами кўдакии моро ба ёд меоранд ва барои ҳар куҳистонӣ шиносу азизанд. Ифодаву таъбиру баёну тасвири тозаву нави шоирона, ки шабоҳаташ дар шеъри гузаштагон нест:

Як мушт ятими хуфтаро модар
Дар тахтаи дил гирифта мехобад.
Дар пахтаи дил гирифта мехобад.
Сар монда ба тахтаи дили модар,
Сар монда ба пахтаи дили модар,
Бо чак-чаки чакка мебарад хобам,
Чун равғани маска мебарад хобам…

Ба ин ва бисёр шеърҳои навини Бозор агар аз рўи талаботу қонунҳои шеъри суннатӣ арзиш гузорем, метавон эродҳои зиёде гирифт. Аммо муаллиф ин қонуншиканиҳоро дониста мекунад, ў дар шеъри худ озодӣ ба баён медиҳад ва то ҷойе самимияту тасвирҳои ҷолибу навоваронаи ў ин қонуншиканиҳои огоҳонаро роҳ медиҳанд ва хонанда ҳам, чунин менамояд, ки инро қабул мекунад.

Тахтаи дил, пахтаи дил… ва чун равғани маска бурдани хоб – оё чунин таъбирҳоро метавонист шоири тоҷик ба худ раво бинад?

Вақте ки сапеда деги гардунро,
Чун модари ман, ба рег мешўяд.
Вақте ки сапеда гови гардунро,
Чун модари ман, пагоҳӣ медўшад,
Бо шир-шири шир мешавам бедор,
Бо шир-шири ширдўшии модар…

Эҳсосоте, ки ин шеър дар мо бедор мекунад, инсонро ба сўи некӣ, хайрхоҳӣ, ба оғўши гарми меҳру муҳаббати инсонии хоҳаракону додаракон мекашад. Наметавон ин шеър ва чунин шеърҳои Бозорро, ки дар мо нозуктарин ва азизтарин эҳсосот ва хотираҳоро бедор мекунанд, бе ашки чашму буғзи гулў хонд. Ин шеърҳо муҳаббатпарваранд, меҳрпарваранд, инсондўстонаанд.

Тафриқаи симои модари Бозор Собир аз симои модаре, ки дар шеъри пешини мо ба тасвир омадааст, дар он аст, ки симои модари Бозор мушаххастару заминитар аст, пайванди ногусастании маънавию зоҳирӣ бо муҳит, бо рўзгори воқеии модари куҳистон дошта, симои тозаест, ки дар чаҳорчўбаи мондагори шеър ба тасвир меояд. Ва аз ҳама муҳиммаш он аст, ки ин симо бо ашёи тозаи тасвир нигошта мешавад:

Дарахти сада шуд дар пушта модар,
Валекин пила мересад ба мардум.
Дар атрофаш парешон ғози хисрав,
Ба мисли риштаи печида саргум…

Чӣ қадар табиӣ, ҳунармандона, навоварона ва пурмаъност ин тасвир!

Бозор Собир- шоири тасвирҳои тоза

Яке аз вижагиҳои шеъри Бозор, бешубҳа, мушоҳида ва тасвирҳои тозаи шоиронаест, ки дар шеъри ў беҳад зиёд дучор меоем. Он чи шеъри Бозорро зебову дилкаш ва хонданӣ кардааст, аввалан, баён ва тарзи нави гуфтори ўст, ки комилан аз гуфтаҳову баёни пешиниён тафовут дорад.

Тасвиру навовариҳои наву шоиронаи Бозор ҳанўз дар  замонҳое ки ба карахтӣ ном мебаранд, дар шеърҳои ҳатто ба мавзўъҳои иҷтимоӣ бахшидааш зуҳур карда буданд.

Ҳадаф аз шеър гуфтан шеър гуфтан аст, на тавсифу таърифи як мавзўи рўз. Шоири асил дар ҳар мавзўъ назари шоиронаи худро бояд дошта бошад. Бозор низ ба заҳмати гарони пахтачиндухтар бо назари шоирона менигарад:

Ғўзаҳо дар пеши ту чун гўши пур аз пахтаанд,
Пахтаҳоро мекашӣ аз ғўза чун аз гўши кас…

Тасвирҳои шоиронае, ки Бозор эҷод мекунад, ҳоҷат ба тавсифу таъриф ва ё маънидод надоранд. Он ҷо, ки тасвир худаш зебоӣ ва мумтозии худро ҷило медиҳад, ҳоҷат ба гуфтор нест.

Чанд мисол:

…Селаи гунҷишкҳоро мезанад бо тири борон…
Мурғҳоро дар ҳаво дар тўри боронҳо гирифта…

Дар миёни сабзаву хори бари девори қишлоқ,
Лола чун тоҷи хурўсони сари девори қишлоқ…

Мезанад аз ханда дандонҳо чароғак…

Мекашад дарёи Панҷ аз банди гесӯи найистон…

Баста рўи чашмаҳои чашмҳоямро яхайнак…

Метаровад аз уфуқи шоми кўтоҳе сафеда,
Ончуноне бишканад кас тухми хомеро…

Меваи заррини маҳ дар шохи абр
Мерасад то рўи девори ғуруб…

Дар эҷодиёти Бозор Собир мавзўе ҳаст мисли дигар мавзўъҳои шеъри ў омўхтанашуда. Ин мавзўъ  ишқ ва ёр аст. Бозор маъшуқаро тамоман ба чашми дигар мебинад ва гуфтугўи ў дар мавзўи ишқ низ гуфтугўи дигарест, тозагиҳои худро дорад. Ў  пироҳани нав ба қомати ишқ медўзад ва пардози дигар ба чеҳраи ёр медиҳад.

Боз ҳам дар шеъри Бозор Собир ишқ худаш вориди шеър мешавад ва ишқ худаш дар сухан таҷаллӣ меёбад:

Ту ними манӣ, ними ҷисму ҷони манӣ
Ва зарра-зарра ту пайванди ҷовидони манӣ.
Ба ҳар куҷо, ки равӣ, дар ман аст решаи ту,
Ту эй гул, аз қалами сабзи устухони манӣ…

Ва ин баён, ин тасвирҳо аз тасвиру баёни маъмулӣ, ки мо одат кардаем, ба куллӣ фарқ доранд:

Дам мекашам сафедии рўи туро чу шир,
Ҳамчун ҳавои тоза фурў мебарам туро.
Дар таҳти санги синаи ман ҷўш мезанад
Чун обҳои зери замин изтиробҳо…

***

Ман сина, сина, сина нафас мекашам туро,
Ман чашм, чашм, чашм туро мечарам тамом.
Ман бўса, бўса, бўса туро мебарам ба лаб
Ман мазза, мазза, мазза туро мечашам мудом…

***

Лабонам аз лаби ту бўса-бўса хотира дорад,
Даҳонам аз даҳанат қисса-қисса хотира дорад…
Ҳазор коса, ки чашм об додам аз чашмат,
Аз он ду чашми тарам коса-коса хотира дорад…

Чунонки мебинем, муҳаббати худро Бозор Собир ҳамеша дар  варои тасвири шоирона, санъаткорона, образнок ифода мекунад. Дар ин тасвир ишқ пирояи ҳарири кабуди зебоӣ дорад:

Ҷўи ба чў, кўи ба кў
Ҳар қатрае ҳамроҳи худ
Мебурд бар дарёву руд
Аз чашми ў ранги кабуд.

Албатта, мавзўи шеъри ишқии Бозор ва тарзу услуби нави нигориши ў таҳқиқи ҷиддитареро тақозо дорад, ки ҳоло аз маҷоли ин мақола берун аст.

Бозор Собир — шоири иҷтимоъ

Азбаски Бозор Собир, пеш аз ҳама, шоири ҳунар, шоири санъатҳои шеърӣ ва бозёфтҳои тозаи шоирона аст, сухани мо аз ҳунари шеъри ў оғоз шуд, на аз мавқеи иҷтимоиву ҷамъиятии шоир. Ҳол он ки Бозор Собир яке аз он шоиронест, ки шеъри ў дар худшиносии миллӣ, шинохти ҳувият, шинохта мавқеи таърихии миллати тоҷик саҳми бузург ва арзанда гузоштааст. Ва шуҳрату маҳбубияти Бозор дар байни хонандагон шояд бештар ба шарофати ҳамин осори ватандўстонаи ў бошад. Шеъри «Забони модарӣ» аз машҳуртарин ва маҳбубтарин шеъри Бозор Собир аст, ки ҳамеша вирди забонҳо буда, хонандаи тоҷик онро доиман чун парчами миллӣ болои сар афрошта медорад.

Вижагии ин шеър, пеш аз ҳама, дар мустаҳкамии баёни ҳунармандона, ба эътимод ва моҳияти милливу ватандўстонаи  ифтихорангези он аст. Дар ин  шеър забони тоҷикӣ бунёдгузори ҳувият ва роҳбаладу пешгоми фарҳангу таърихи оламшумули мо падидор меояд. Дар ин шеър нақши забони тоҷикӣ дар қаламрави таърих, дар ташаккули маънавиёту маърифати миллии мо барҷаста баён ёфтааст. Ин шеърест, ки оташи ишқу муҳаббат ба Ватанро зуд ба ҳама дилҳову равонҳо мерасонад ва фурўзон мекунад ва мо қудрати суханро мебинем, ки чи гуна мардумро дар атрофи як ормон, як умед, як асолат муттаҳид месозад.

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад, ватандор аст ў,
То забондор аст, бисёр аст ў.

Истилоҳот, вожаҳо ва маъниҳову ишорате, ки Бозор Собир дар шеърҳои ба таърих ва шахсиятҳои таърихӣ бахшидаи худ рўи кор мегирад, гувоҳи огоҳии хуби ў аз таърих аст, ки метавонад аз ин  дониш бардоштҳои хеле хуби шоирона кунад. Мисли шеъри «Теғи Сино».

Қиссаи мурғи самандар пеши ман афсона нест,
Саргузашти мардуми печидафарёди ман аст.
Он ки умре мурда-мурда зиндагӣ карду намурд,
Сўхта носўхтан эҷоди аҷдоди ман аст.

Соате салчуқ ба сўи кофиён меронд асп,
Дар миёнаш тиру теғи ҷонситон меронд асп.
Халқи тоҷик теғи ҷонбахшои Синоро гирифт,
Теғи ҷонбахшои Сино рўи дунёро гирифт.

Инак, дар ин шеърҳо Бозор Собир ҳамчун шоири миллӣ зуҳур мекунад.

Ватан дар шеъри Бозор асли Ватан аст, бо симоҳои мушаххас: Борбад, Фирдавсӣ, Сино, Айнӣ,  Бухоро, Тоҷикистон…

Бозор ҳамчун шоири Ватан, шоири миллат маҳз дар ҳамин шеърҳои ватандўстонаи худ таҷассуми комилтаре меёбад.

Гўянд агар калимаи худро ту арза кун,
Мехонам аз навиштаи Фирдавсӣ байтҳо…

Муҳаббати Бозор ба Ватан ҳамеша аз ҳама шеърҳои ў ҷило медод.  Муҳаббати Ватан Бозорро аз Ватан дур кард ва муҳаббати Ватан Бозорро ба Ватан  бозгардонд. Ва чизи дигаре, ки ўро ба Ватан овард, муҳаббати худи Ватан бар ўст. Ватане, ки  метавонад фарзандони парокандаи худро баргардонад, Ватане, ки ба қадри фарзандони худ мерасад.  Ҳанўз солҳои пеш ў дар шеъри худ ин бозгаштро пешгўӣ карда буд:

Мехазам синамол сўи Ватан
Бо сару дасту пои хунрезон.
Қитъа бар қитъа мекашам хати сурх
Аз паям то канори кӯҳистон.
Зеро, боз худаш гуфта аст:
Чунки осон набуду осон нест
Аз Ватан дур мурдани мардон!

Бисёр андешаву мушоҳидаҳои банда дар ҳошияи навиштаҳои Бозор Собир ногуфта монд, ки шояд мавриди дигаре даст диҳад барои гуфтани онҳо. Ҳоло намехоҳам аз ин бештар бори хотири хонандаи арҷманд шавад

Шеъри Бозор Собир мавзўи таҳқиқнашудаи адабиёти муосири  мост. Таҳқиқи ҳарчи ҷиддитари шеъри Бозор аз он ҷиҳат зарур аст, ки ў шоирест, ки пас аз устод Муъмин Қаноат ва устод Лоиқ даричаи дигаре аз шеъри навини моро боз кард. Шеъри навини Бозор метавонад такони тозатаре барои рушди шеъри муосири тоҷик бидиҳад. Навовариҳои Бозор аз он ҷиҳат аҳаммият доранд, ки инҳо шабеҳи худро дар шеъри ҳамзабонҳои мо надоранд. Шеъри Бозор шеъри хосси ўст. Ў мазрааи шеъри худро сохту бунёд кард ва барои бунёдҳои тозатаре замина гузошт. Ин замина дар тозакориҳои Бозор, пеш аз ҳама дар ихтирои ташбеҳу истиороту талмеҳ ва хаёлбандиҳои тоза ва баёну ифодаҳои нави ў зуҳур ёфтааст. Ва барҳақ худаш гуфтааст:

Шеъри рангини ман дигаргун аст,
Шеъри рангини ман ҷигаргун аст.
Бо ду дастам фишурдаам онро
Аз анори дилам, ки пурхун аст.

Дар хотима

Дар ҷамъбасти ин пажӯҳиши кӯтоҳ бояд гуфт, ки маҳз сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои миллатамон, ғамхорӣ ва арҷгузориҳояшон  ба илму адаб ва фарзандони эҷодкори ин  миллат буд, ки шоири номдори тоҷик Бозор Собир баъд аз солҳои зиёди зиндагӣ дар Амрико ба Ватан бозгардонида шуд ва тӯли умри боқимонда, хусусан, солҳои охир мавқеи мустаҳками ватандӯстӣ ва садоқатмандӣ ба Ватан, истиқлолу озодӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди мамлакатро соҳиб гардид. Бозор Собир мӯътақид гардид, ки муқаддамтар аз Ватан ва муқаддастар аз ояндаи Тоҷикистони азизу озод  чизе буда наметавонад ва ҳама арзишҳои дигар дар пеши ин арзишҳои баланд- истиқлоли Ватан, дифоъ аз Ватани озод, дастгирӣ аз ваҳдату ягонагӣ  қимат надоранд. Ҷонибдорӣ аз Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Пешвои ватандӯсти он ба хотири ягонагии ин миллати парешон, ки ҳамеша аз  парокандагиҳои худ дар таърих  ҷабрҳо дидааст, ба хотири некӯаҳволии халқ ва рушди ҳамаҷонибаи ин сарзамин болотар аз ҳадафҳои дигар аст. Аз ҳама ғояҳои дигар рӯ тофтану рӯ ба Ватан овардани Бозор Собир сабақомӯз аст ва гумон мекунам ба хотири ягонагии миллат, пойдории озодӣ, истиқлоли ҷумҳурӣ  ва ояндаи шукуфони он мебошад.

Ноябрь 20, 2020 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» дарси маҳорат бо услуби «устод – шогирд» доир шуд
150 номгӯй китоби бадеӣ, илмӣ ва таърихии нашриёти Тоҷикистон ба Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» пешниҳод гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шибит давои хуб барои бемориҳои узвҳои ҳозима аст
«БОЗ ДАР ГӮШАМ РАСАД САВТУ НАВОИ ШАШМАҚОМ». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи шашмақом таҷлил мегардад
«ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА». Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барнома доир мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъати тоза пайдо намудааст
РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Ба ифтихори ин шоҳасари мусиқӣ консерти бошукуҳ баргузор мегардад
««ШОҲНОМА»- МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ ВА ПАРЧАМИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ. Андешаҳо оид ба таъсири «Шоҳнома» ба эҷодиёти Лоиқ Шералӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани сирпиёз масунияти баданро боло бурда, пиршавиро пешгирӣ менамояд
Фарҳангиёни Тоҷикистон бояд дар зеҳни ҷавонон тафаккури солими миллиро инкишоф дода, Ваҳдати миллиро таҳким бахшанд
«ДУРНАМОИ РУШДИ МУСИҚИИ СУННАТИИ ХАЛҚҲОИ ШАРҚИ НАЗДИК ВА МИЁНА ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ». Таҳти чунин унвон фестивал-симпозиум доир гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб доир ба пос доштани либоси миллӣ ҳамоиш доир гардид