СУТ фарқияти нишонаҳои зуком ва коронавирусро номбар кард
ДУШАНБЕ, 12.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Коронавируси COVID-19 ва зуком нишонаҳои монанд доранд, аммо сироятёбӣ аз коронавирус метавонад илова бар ин сабаби гум шудани эҳсоси таъм ва бӯй, инчунин нафастангӣ ва ҳарорати бештар аз 38 дараҷа гардад. Тавре «РИА Новости» имрӯз хабар додааст, дар ин хусус Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ибрози назар намудааст.
«COVID-19 ва зуком нишонаҳои ба ҳам монанд доранд, чунончи сулфа, зуком, дарди гулӯ, таб ва хастагӣ. Вале COVID-19 метавонад сабаби пайдо шудани нишонаҳои иловагӣ, чунончи гум шудани ҳисси таъм, бӯй ва нафастангӣ шавад», — зикр намудаанд дар СУТ.
Мутобиқи маълумоти Созмони мазкур, нишонаҳои шакли вазнини COVID-19 дар шакли нафастангӣ, надоштани иштиҳо, дарди доимӣ ё фишор дар қафаси сина, ҳарорати бештар аз 38 дараҷа ва инчунин парешонхотирӣ зоҳир мешаванд.
Шахси дорои нишонаҳои шакли вазнини беморӣ бояд фавран барои дарёфти кумаки тиббӣ муроҷиат кунад. Ҳатто дар сурати пайдо шудани нишонаҳои сабуки COVID-19, одамони гирифтори бемориҳои музмин, калонсолон, кӯдакони то панҷсола ва занони ҳомиладор бояд ба духтурон муроҷиат кунанд.









ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






