ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, ҷумъа, 325-умин рӯзи соли 2020 аст
20 ноябри соли 2009 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба имзо расид.
***
81 сол муқаддам, 20 ноябри соли 1939 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таъсис ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе маросими пӯшидашавии Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон дар Тоҷикистон, ки 17 ноябр ифтитоҳ ёфта буд, баргузор гардид.
20 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон.
***
Дар Мексика – Рӯзи инқилоб.
РӮЙДОДҲО:
20 ноябри соли 2009 шӯрои сарони ҳукуматҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Консепсия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаро қабул намуд.
***
20 ноябри соли 2013 Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ворид намудани тағйиру илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «TajChina-2013» -ро аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод кард.
***
5 сол пеш, 20 ноябри соли 2015 ҳолат ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон муҳокима гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз ҷумла рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ баррасӣ карда шуданд.
***
20 ноябри соли 2018 дар Театри ба номи Абулазиз Абулризои пойтахти Давлати Кувайт барномаи фарҳангии аҳли санъат ва ҳунари тоҷик баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1959 СММ Декларатсияи ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд.
***
20 ноябри соли 1968 дар натиҷаи силсилатаркиш дар кони Манингтон (ИМА) 99 нафар коргарон ба ҳалокат расиданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2008 аввалин шумораи нашрияи «Мигрант_tj» нашр гардид.
***
Соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон маросими ифтитоҳи аввалин фестивали панҷрӯзаи душанбегии филмҳои франсузӣ доир шуд.