ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 ноябр, душанбе, 313-умин рӯзи соли 2026 аст

Ноябрь 9, 2026 08:00

9 ноябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 29-уми Шурои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди якчанд иншооти соҳаи сайёҳӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Варзоб санги асос гузоштанд.

***

9 ноябри соли 2021 паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи милитсия пешниҳод гардид.

***

9 ноябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои қисми ҳарбии Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор дода, бо шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ шинос шуданд.

***

9 ноябри соли 2023 дар пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон – шаҳри Тошканд саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии Абдураҳмони Ҷомӣ, ки таъмиру навсозӣ гардидааст, боздид ба амал оварда, бинои 5 ошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ, бинои Қасри фарҳанг ва бинои нави Нозироти андозро ба истифода доданд. Ҳамзамон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд.

9 НОЯБР:

Рӯзи байналмилалии мубориза бо фашизм ва нажодпарастӣ.

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи парчами давлатӣ.

***

Дар Камбоҷа- Рӯзи Истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

9 ноябри соли 2010 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.

***

9 ноябри соли 2011 масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид.

***

9 ноябри соли 2012 масъалаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия муҳокима шуд.

***

9 ноябри соли 2017 дастаи мунтахаби то 19-солаи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Мубин Эргашев дар бозии охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» дастаи мунтахаби то 19-солаи Узбекистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, ба сабқати муҳташами қора роҳхати мустақим ба даст овард.

***

9 ноябри соли 2018 зимни ҷаласаи Кумитаи дуюми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи ҳайати Тоҷикистон таҳти унвони «Бознигарии фарогири миёнамуҳлати раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» муаррифӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Маркази муқовимат бо терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ҷудочии маъруфи тоҷик Темур Раҳимов бо медали тиллои  «Baku Grand Slam 2022» аз шаҳри Боку ба Душанбе баргашт.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1951 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аввалин маротиба санҷиши зеризаминии бомбаи атомиро гузаронид.

***

Соли 1956 Ассамблеяи конститутсионии Ветнами Ҷанубӣ ба фаъолият оғоз кард.

***

Соли 1963 дар Ҷопон дар натиҷаи таркиши кон қариб 450 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

Соли 1992 Шартнома оид ба мусаллаҳшавии муқаррарӣ дар Аврупо ба кор оғоз намуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Абдусалом Раҳимов -соли 1917—ҳунарпеша ва коргардони синамо. Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон (1945). Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1962).

Ноябрь 9, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 ноябр, якшанбе, 312-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 ноябр, шанбе, 311-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 ноябр, ҷумъа, 310-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 ноябр, панҷшанбе, 309-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 ноябр, чоршанбе, 308-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 ноябр, сешанбе, 307-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 ноябр, душанбе, 306-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, якшанбе, 305-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, шанбе, 304 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, ҷумъа, 303-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, панҷшанбе, 302 — юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, чоршанбе, 301 — умин рӯзи соли 2026 аст