Теъдоди қурбониёни заминларзаи Туркия то 64 нафар афзуд
ДУШАНБЕ, 02.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия то 64 нафар афзуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи якшанбеи 1 ноябр Департаменти ҳолатҳои фавқулодаи Туркия иттилоъ додааст.
«64 нафар ҷон бохтаанд. Дар Измир айни замон корҳои ҷустуҷӯйӣ ва наҷотдиҳӣ дар 8 бино идома доранд», — омадааст дар изҳорот.
Тибқи маълумоти охирин, 940 нафар осеб дидаанд, ки аз ин теъдод 218 нафар дар беморхонаҳо бистарӣ шуда, 722 нафар пас аз дарёфти табобат рухсат шудаанд, менависад «Газета.ру».
Заминларза бо шиддати 6,6 бал рӯзи ҷумъа, 30 октябр, дар наздикии шаҳри Сеферихисари вилояти Измир рух дода буд.
Маркази зилзила дар баҳри Эгей дар умқи 16,54 км воқеъ будааст. Пас аз зилзила 658 пасларза ба амал омадааст, ки шиддати 40-тои онҳо бештар аз 4 балл будааст.
Рӯзи дигар Президенти Ҷумҳурӣ Раҷаб Тайип Эрдуғон ба вилояти аз офати табиӣ осебдида омадааст.
АКСИ: REUTERS/Kemal Aslan








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






