Тоҷикистон имрӯз бо дастаи мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб бозии дуюми дӯстона анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 12.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб бозии дуюми дӯстона анҷом медиҳад. Рақиби дастаи мунтахаби Тоҷикистон иштирокчии даври нимниҳоии Ҷоми Осиё-2019- дастаи миллии АМА хоҳад буд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бозии байни дастаҳои мунтахаби АМА ва Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Забил»-и Дубай, ки майдони хонагии дастаи футболи «Ал-Васл» мебошад, баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 Душанбе) оғоз мешавад.
Бозии дӯстона
12 ноябр (панҷшанбе)
Соати 19:00 ба вақти Душанбе
АМА — ТОҶИКИСТОН
Варзишгоҳи «Забил»-и шаҳри Дубай
Ёдовар мешавем, ки 7 ноябр дар шаҳри Дубайи АМА бозии рафиқонаи дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Баҳрайн баргузор шуд.
Вохӯрӣ бо рақобати баробари дастаҳо сурат гирифта, дастаи мунтахаби Баҳрайн бо ҳисоби минималии 1:0 ғолиб омад. Голи ягонаро Муҳаммад Саъд Ал-Ромайҳӣ дар охири нимаи аввал зад.
Бозии рафиқона
Баҳрайн – ТОҶИКИСТОН – 1:0
Гол: Муҳаммад Саъд Ал-Ромайҳӣ, 44.
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эгашев, Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев (Манучеҳр Ҷалилов, 87), Табрези Давлатмир (Муҳаммадҷон Раҳимов, 80), Манучеҳр Сафаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Абдулмуъмин Забиров (Комрон Турсунов, 70), Эҳсони Панҷшанбе, Илҳомҷон Баротов (Ислом Зоиров, 70), Шериддин Бобоев (Рустам Соиров, 80).
Довари марказ: Аҳмад Исо Дарвеш (АМА).
7 ноябр. Дубай. Варзишгоҳи «Police Officers’ Club».
Хотиррасон мешавем, ки моҳи сентябри соли равон дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нахустин бозии расмии худ дар доираи бозии дӯстона дар сафар аз дастаи мунтахаби Ӯзбекистон мағлуб шуд. Вохӯрии ин дастаҳо дар варзишгоҳи «Локомотив»-и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар сатҳи баланд сурат гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт. Ҳисоб дар дақиқаи 32-юми бозӣ аз ҷониби ҳамлагари мизбон Шаҳзод Убайдуллоев кушода шуда, қисми аввал бо натиҷаи 1:0 ба поён расид.
Дар оғози қисми дуюми рақобат Зоир Ҷӯрабоев баъди ба майдон баромадан ҳисобро баробар кард, аммо дар дақиқаи 62-юми дидор довари ӯзбек — Аҳрол Ризқуллоев ба дарвозаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон зарбаи пеналтии баҳснок таъйин кард ва онро Мурод Холмуҳаммадов иҷро намуд. Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии нуҳуми хеш ба муқобили дастаи мунтахаби Ӯзбекистон ба бохт рӯ ба рӯ гардид.
Бозии дӯстона
Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН – 2:1
Голҳо: Шаҳзод Убайдуллоев, 33 (1:0). Зоир Ҷурабоев, 48 (1:1). Мурод Холмуҳаммадов, 67 – аз пеналти (2:1).
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба муқобили дастаи мунтахаби Ӯзбекистон чунин буд:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Қурбоналӣ Бобоев («Кӯктош»);
Ҳимоятгарон: Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарчор аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Хуршед Бекназаров, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»);
Нимҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Умарҷон Шарипов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов («Файзканд»), Комрон Турсунов («Моҳун Баган», Ҳиндустон), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»);
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров, Тоҳир Малодӯстов (ҳарсе аз «Хуҷанд»)
Сармураббӣ – Усмон Тошев.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






