Вакилон Буҷети давлатии Тоҷикистонро барои соли 2021 қабул намуданд

Ноябрь 18, 2020 14:00

ДУШАНБЕ, 18.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ва иштироки роҳбарони якчанд вазорату кумитаҳои дахлдори мамлакат баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.    

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва вакилони Маҷлиси намояндагон Машраб Файзуллоев, Ғиёсиддин Ашeров  зимни баррасии масъалаи мазкур таъкид намуданд, ки дар таҳияи Буҷети давлатӣ, пеш аз ҳам афзалияте, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳо ҳангоми вохўриҳо бармеоянд, ба инобат гирифта шудаанд.

Самтҳои баҳисобгирии даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки воридоти андозӣ, ғайриандозӣ ва грантҳоро ба танзим медароранд, ба нақша гирифта шудаанд.

Ҳамасола Буҷети давлатӣ дар доираи нишондиҳандаҳо, ҳадаф ва афзалияти асосӣ, стратегия, барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди воқеии иқтисодиёти миллӣ ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ мегардад.

Нишондиҳандаҳои лоиҳаи Буҷети давлатӣ бо роҳи баланд бардоштани маъмурикунонии андоз, васеъ намудани заминаи андозбандӣ, таъмини рушди воқеии иқтисодиёт ва ташкил намудани ҷойҳои кории нав асоснок карда шудаанд.

Дар раванди таҳияи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ аз рўи афзоиши воқеӣ ба андозаи 7,6 фоиз ба маблағи 92,6 млрд. сомонӣ, индекси дефилятори ММД – 3,1 фоиз ва меъёри таваррум – 6,9 фоиз муайян карда шудааст.

Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ба маблағи 27 млрд. 645,8 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба 29,8 фоизи Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад. Даромади буҷет нисбат ба соли 2020 ба андозаи 6,1 фоиз ё 1 млрд. 591,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад, ин зиёдшавӣ аз ҳисоби:

— даромадҳои ҷорӣ -1 млрд. сомонӣ;

— маблағҳои махсус -237,7 млн. сомонӣ;

— лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ -354,1 млн. сомонӣ иборат мебошад.

Соли 2021 даромади буҷети ҷумҳуриявӣ 11 млрд. 499,1 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 2020 ба андозаи 3,0 фоиз ё ба маблағи 343,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии даромади буҷетҳои маҳаллӣ ба маблағи 8 млрд. 963,3 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2020 ба андозаи 6,7 фоиз ё ба маблағи 560,4 млн. сомонӣ афзоиш дода шудааст.

Таҳлилҳо муайян намуданд, ки дар қисми даромади буҷети давлатӣ даромадҳои андозӣ барои соли 2021 асосан аз ҳисоби андозҳои зерин афзоиш дода шудаанд:

— андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи 7 млрд. 666,3 млн. сомонӣ ё бо афзоиши 4,7 фоиз, нисбат ба соли 2020 ба маблағи 344,3 млн. сомонӣ;

— аксизҳо ба маблағи 680,5 млн. сомонӣ ё бо афзоиши 10,6 фоиз, нисбат ба соли 2020 ба маблағи 65,0 млн. сомонӣ;

— андоз аз фоида ба маблағи 2 млрд. 055,6 млн. сомонӣ ё бо афзоиши 2,7 фоиз, нисбат ба соли 2020 ба маблағи 53,8 млн. сомонӣ;

— андоз аз даромад ба маблағи 2 млрд. 377,5 млн. сомонӣ ё бо афзоиши 6,6 фоиз муайян карда шуда, нисбат ба соли 2020 ба маблағи 146,4 млн. сомонӣ зиёд мебошанд.

Даромадҳои ғайриандозӣ ба Буҷети давлатӣ барои соли 2021 ба маблағи 1 млрд. 398,0 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шудаанд, ки нисбат ба соли 2020 ба маблағи 110,0 млн. сомонӣ ё 8,5 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 28 млрд. 109,0 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст ва 30,3 фоиз Маҷмўи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, ки нисбат ба Буҷети давлатӣ барои соли 2020 ба маблағи 1 млрд. 705,5 млн. сомонӣ ё 6,4 фоиз зиёд мебошад, ки аз ҳисоби ин зиёдшавӣ маблағҳо ба соҳаҳои зерин пешбинӣ карда шудаанд:

— ба соҳаҳоииҷтимоӣ-1 млрд. 434,0 млн. сомонӣ;

— ба  соҳаҳои воқеии иқтисодиёт-166,3 млн. сомонӣ;

— ба дигар соҳаҳо-818,7 млн. сомонӣ.

Ҳаҷми хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ дар соли 2021 ба 11 млрд. 947,2 млн. сомонӣ баробар гардида, нисбат ба соли 2020-ум 452,0 млн. сомонӣ, 3,9 фоиз зиёд мебошад.

Қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2021 ба маблағи 8 млрд. 266,6 млн. сомонӣ муайян карда шудааст, ки нисбат ба соли 2020 ба маблағи 919,5 млн. сомонӣ,12,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ афзалият дода шудааст, яъне ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2021 ба 13 млрд.164,2 млн. сомонӣ баробар буда, нисбат ба буҷети соли 2020 1 млрд. 434,0 млн. сомонӣ ё ин ки 12,2 фоиз афзоиш ёфта, 46,6 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи маориф ба маблағи 5 млрд. 597,1 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст, ки ин нисбат ба соли 2020-ум 592,3 млн. сомонӣ ё ин ки 11,8 фоиз афзоиш ёфта, 19,9 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Барои хароҷоти соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 2 млрд 350,4 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2020 – 509,0 млн. сомонӣ ё 27,6 фоиз афзоиш ёфта, 8,4 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро дар бар мегирад.

Барои  хароҷоти соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 4 млрд.174,3 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба буҷети соли 2020 ба маблағи 262,8 млн. сомонӣ ё 6,7 фоиз афзоиш ёфта, 14,8 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил менамояд.

Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи фарҳанг ва варзиш ба маблағи 1 млрд 042,5 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба буҷети соли 2020 ба маблағи 69,8 млн. сомонӣ зиёд пешбинӣ гардидааст.

Дар баробари ин, дар лоиҳаи Буҷети давлатии соли 2021 барои маблағгузории соҳаҳои воқеии иқтисодиёт 8 млрд. 381,6 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои рушди соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, муҳити зист ва хоҷагии ҷангал -1 млрд. 276,0 млн. сомонӣ, энергетика 3 млрд. 833,0 млн. сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 2 млрд. 259,5 млн. сомонӣ, кишоварзӣ 741,2 млн. сомонӣ ва саноату сохтмон 193,3 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар маҷмўъ ба 9,0 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2021 ҷиҳати пардохти музди меҳнат 6 млрд. 034,3 млн. сомонӣ (6,5% ММД) пешбинӣ карда шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2020 (0,4 банди фоиз) ба маблағи 700,6 млн. сомонӣ ё 13,1 фоиз зиёд мебошад.

Дар соли 2021 касри Буҷети давлатӣ нисбат ба Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба андозаи 0,5 фоиз ё 463,2 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.

Дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 давоми мантиқии лоиҳаи буҷети соли 2021 буда, ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ соли 2022 30 млрд. 985,4 млн. сомонӣ ва дар соли 2023  32 млрд.250,7 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.

Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ дар соли 2022 ба маблағи 31 млрд.499,7 млн. сомонӣ ва дар соли 2023  32 млрд. 825,5 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Даромаду хароҷоти Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 нишондиҳандаҳои назоратӣ буда, дар доираи онҳо бояд мақомоти идоракунии давлатӣ барномаҳои амалкунандаи соҳавӣ ва барномаҳои нави пешниҳодшударо тарҳрезӣ намоянд.

Дар иҷлосия ҳамчунин лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022-2023 мавриди баррасии ҳамаҷонибаи вакилони Маҷлиси намояндагон қарор гирифта, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Ноябрь 18, 2020 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Стив Дейнс мулоқот намуд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд
Дар Маҷлиси намояндагон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Русия шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия рафтанд
Маҳмадтоир Зокирзода дар шаҳри Боку дар ҷаласаи ниҳодҳои парламентӣ иштирок намуд
«ПЕШВОИ САНГАРШИКАНИ МИЛЛАТСОЗ». Дар Душанбе китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ЭЙ ВАТАН, БО ПЕШВОЯТ ЗИНДА БОШ!». Андешаҳо дар ҳошияи Рӯзи Президент