Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба кор бо гурезаҳо мулоқот намуд

Ноябрь 12, 2020 11:05

ДУШАНБЕ, 12.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Бобозода бо Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо гурезаҳо (UNHCR) Мулугета Зевди мулоқот доир намуд. Дар ин бора аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар мулоқот Умед Бобозода  доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумоти муфассал дода, зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон пайваста талош меварзад ва дар ин робита саҳми мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ назаррас мебошад.

Умед Бобозода ҳамчунин иброз дошт, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ташкил шудан дар самти ҳимоя ва таъмини эҳтирому риояи ҳуқуқи инсон дар маҷмӯъ, хусусан дар самти таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои гурезаҳо ва шахсони бешаҳрвандӣ (апатридҳо), ки яке аз табақаҳои осебпазирро ташкил медиҳанд, аҳамияти махсус медиҳад.

Дар вохӯрӣ  Мулугета Зевди пайваста талош ва саҳм гузоштани Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, хусусан ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои гурезаҳо, шахсони паноҳҷӯй ва шахсони бешаҳрвандӣ дар сатҳи назаррас арзёбӣ карда, изҳор намуд, ки иқдоми мазкур барои пешрафту рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим аст.

Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо гурезаҳо (UNHCR) Мулугета Зевди аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ҷиҳати пазироии самимӣ ва идома додани ҳамкории мутақобилан судманд баҳри риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, махсусан гурезаҳо, шахсони паноҳҷӯянда ва бешаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва тақвият додани ҳамкории тарафайн изҳори миннатдорӣ намуд.

Ноябрь 12, 2020 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд