Варзишгарону ҷавонон ташаббуси Раиси шаҳри Душанберо дастгирӣ намуданд

Ноябрь 21, 2020 09:44

ДУШАНБЕ, 21.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Лучоба бо иштироки зиёда аз 300 нафар таҳти шиори «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем» маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, роҳбарият ва кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ташкилотҳои система ва муассисаҳои таълимии варзишии пойтахт, аз ҷумла Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро вобаста ба табдил додани пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ба шаҳри сабз дастгирӣ намуда, ин маъракаи ниҳолшинониро ташкил намуданд.

Дар ҷараёни ҳашари дастаҷамъона зиёда аз 400 адад ниҳолҳои ороишию мевадиҳанда шинонида шуда, гирду атрофи Оромгоҳи “Лучоб” тозаву озода гардонида шуд.

Кумита ва сохторҳои он дар кишвар, ҳар рўзи шанбе ин ташаббусро дар дигар минтақаҳои кишвар низ идома дода, баҳри таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиби хешро дар ободониву созандагии Тоҷикистон мегузоранд.

Ноябрь 21, 2020 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд