«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар пойтахт боғи нави фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд карда мешавад

Сентябрь 1, 2026 13:29

ДУШАНБЕ, 01.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе бунёди боғи фарҳангӣ-фароғатӣ оғоз гардид. Боғ бо ибтикори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи ҳадафҳои муҳими рушди шаҳри Душанбе ва ташаккули муҳити сабзу солим дар ҳамкорӣ бо Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея дар пойтахти мамлакат сохта мешавад.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бунёди боғ ба зиёд намудани фазои сабз, беҳтар намудани муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳату фароғат барои сокинону меҳмонони пойтахт мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон он ҳамчун майдони муаррифии фарҳанг, анъана ва арзишҳои миллии Тоҷикистону Корея хизмат менамояд.

Иншоот дар яке аз минтақаҳои марказии пойтахт ҷойгир буда, дар марҳилаи аввали сохтмон корҳои заминсозӣ ва бунёди инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла роҳравҳо, шабакаи обёрӣ ва майдонҳои сабз амалӣ мегарданд.

Дар раванди бунёди боғ истифодаи технологияҳои муосири сабз пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, низоми обёрии қатрагӣ, равшанидиҳии каммасраф ва маводи аз ҷиҳати экологӣ безарар истифода хоҳанд шуд. Чунин тадбирҳо на танҳо ба сарфаи захираҳои обу неру, балки ба нигоҳдории устувори фазои сабз мусоидат мекунанд.

Иншооти мазкур барои сокинони пойтахт имкони истироҳати солим ва фароғати оилавиро фароҳам оварда, дар рушди фарҳанги истифодаи оқилонаи фазои сабз нақши муҳим дорад. Инчунин бунёди ин боғ метавонад ба яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил ёфта, барои рушди хизматрасониҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ заминаи мусоид фароҳам созад.

Боғи фарҳангу фароғатӣ тибқи нақша, то охири соли 2026 ба истифода дода мешавад. Татбиқи ин лоиҳа идомаи корҳои созандагӣ ва ташаббусҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободонӣ, сабзкорӣ, ташаккули муҳити зисти солим ва ба шаҳри сабзу зебо табдил додани пойтахти мамлакат мебошад.

Ин ташаббус на танҳо лоиҳаи муҳими шаҳрсозию экологӣ, балки рамзи дӯстӣ ва густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея мебошад. Дар оянда дар ҳудуди боғ баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарӣ ва барномаҳои муаррифии анъанаҳои миллӣ имконпазир хоҳад буд.

Бунёди иншооти мазкур қадами муҳим дар роҳи сабзтару зеботар гардонидани пойтахт буда, ҳамзамон намунаи ҳамкории самарабахши байналмилалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва рушди фазои сабз мебошад.

АКС: Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 1, 2026 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд