Вазири мудофиаи Тоҷикистон ва фармондеҳи ҲМҲ масъалаҳои ҳамкорӣ ва амниятро дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳокима карданд

Ноябрь 25, 2020 10:46

ДУШАНБЕ, 25.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо ва Фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии (ҲМҲ) Федератсияи Россия Александр Лапин масъалаҳои ҳамкории мутақобила ва амниятро дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳокима намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод  ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Шералӣ Мирзо, имрӯз дар ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавзаи низомии Россия дар омодасозии муштараки ҳайати шахсӣ ва ҷузъу томҳо ҳаракати мусбат дида мешавад. Зикр карда шуд, ки шумораи чорабиниҳои васеъмиқёси муштарак дар тӯли се сол тақрибан ду баробар- то  12 адад афзудааст.

Дар ҷараёни мулоқот зикр карда шуд, ки афсарони мақомоти идоракунӣ ва воҳидҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи анъана дар чорабиниҳои фаврӣ ва ҷангии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ, инчунин дар ҷамъомади фаврӣ-сафарбаркунии ҳайати роҳбарикунандаи ҳавзаи ҳарбӣ ва машқҳои фармондеҳӣ-ситодӣ  иштирок мекунанд.

«Сифати гузаронидани чорабиниҳо ба мо имкон дод, ки дар самти омодасозӣ ва ҳамоҳангии мақомоти идоракунии ҳарбӣ таҷрибаи азим ҳосил кунем, системаҳои иктишофӣ ва бо оташ нобудкуниро ба ҳам пайвандем, инчунин бо дарназардошти таҷрибаи ҷангии дар Ҷумҳурии Сурияи Араб ба даст омада ба тактикаи ягона бирасем», — гуфт фармондеҳи ҲМҲ, генерал-полковник Лапин.

Инчунин ҳангоми мулоқот ҷонибҳо дар бораи масъалаи нигоҳ доштани амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд. Ба ғайр аз ин, фармондеҳи қӯшунҳо дар назди ҳайати роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузориш дар бораи амнияти минтақавӣ ва вазифаҳои омӯзиши муштарак барои соли 2021 сухан гуфт.

Ноябрь 25, 2020 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд