Вазорати молия: Ба 390 ҳазору 251 оилаи осебпазир кумакпулии якдафъаина расонида шуд

Ноябрь 23, 2020 14:41

ДУШАНБЕ, 23.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ дар робита ба коҳиш додани паёмадҳои иҷтимоии бемории сироятии COVID-19 тавассути дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ то ба имрӯз ба 390 ҳазору 251 нафар/оилаи осебпазир кумакпулии якдафъаина расонида шуд.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи идоракунии буҷет дар соҳаи тандурустӣ, варзиш ва ҳифзи иҷтимоии Сарраёсати  буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назокат  Одиназода иттилоъ дод.

Мавсуф афзуд, ки ин тадбир дар партави татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ гардонидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешида шудааст.

Тибқи иттилои намояндаи масъули Вазорати молияи Тоҷикистон, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати пардохти кумакпулиҳои якдафъаина дар маҷмӯъ 174 миллиону 944 ҳазору 400 сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Ба ҳолати 17 ноябри соли равон аз маблағи ҷудошуда 156 миллиону 100 ҳазору 400 сомонӣ хароҷот гардида,  390 ҳазору 251 нафар/оилаи осебпазир, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 135  ҳазору  156 оила/нафар ба маблағи 54 миллиону 62 ҳазору 400 сомонӣ, вилояти Суғд 120 ҳазору 139 нафар/оила ба маблағи 48 миллиону 55 ҳазору 600 сомонӣ, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 16 ҳазору 366 оила/нафар ба маблағи 6 миллиону 546 ҳазор 400 сомонӣ, шаҳри Душанбе 29 ҳазору 860 оила/нафар ба маблағи 11 миллиону 944 ҳазор сомонӣ ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 88 730 оила/нафар ба маблағи 35 миллиону 492 ҳазор сомонӣ аз кумакпулӣ  бархурдор гардиданд.

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020 «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақтаина барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ пешбинӣ гардидааст.

Тибқи рӯйхатҳои аз ҷониби вазорату идораҳои марбута пешниҳодгардида, шумораи умумии табақаҳои осебпазир дар ҷумҳурӣ 437 ҳазору 361 оила/нафар, аз ҷумла, гирандагони нафақаи иҷтимоӣ 43 ҳазору 231 нафар, маъюбон 151 ҳазору 80 нафар, кӯдакони ятим, кӯдакони аз саробон маҳрумшуда 77 ҳазору 982 нафар, аз ин кӯдакони бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ 3000 нафар, кӯдакони маъюби то 16-солаи мубталои ВНМО/БПНМ 987 нафар, шаҳрвандони камбизоат (оилаҳои камбизоат) 163 ҳазору 781 оила, гурезагони камбизоати хориҷие, ки расман мақоми гуреза доранд, 300 нафарро ташкил медиҳанд.

Пардохти кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ба табақаҳои осебпазири аҳолии мамлакат тибқи тартиби муқарраргардида идома дорад.

Ноябрь 23, 2020 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид