Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Мактаб-интернати Нуробод кумаки моддӣ расонид

Ноябрь 26, 2020 11:08

ДУШАНБЕ, 26.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кумаки моддӣ расониданд.

Баҳри омодагӣ ба фасли зимистон либосҳо, ашёи таълимӣ, маводи хӯрокӣ,  аз қабили 110 дона куртка, 135 ҷуфт пойафзол, 50 литр равған, 10 халта орд, 40кг гӯшт, 50 кг биринҷ, 50кг шакар, 200 адад ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ, 20 адад моеъи антисептикӣ ва дигар маводу ашёҳои лозима ба таълимгирандагони Мактаб-интернати мазкур супорида шуданд.

Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки амалҳои хайру савоб, аз ҷумла ғамхорӣ зоҳир намудан ба ятимону бепарасторон, пирону эҳтиёҷмандон, маъюбону камбизоатон ҳамеша дар мадди назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд.

Айни замон дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод 135 нафар хонанда бо шароити хуб таълиму тарбия мегиранд.  Хонандагони Мактаб-интернат барои ғамхории падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карда, иброз намуданд, ки бо тартибу интизоми намунавӣ ва  дониши хубу аъло таҳсил менамоянд.

Ноябрь 26, 2020 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд
Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Беш аз 30 ҳазор сокинони Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Дар Бохтар беш аз 40 ҳазор нафар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ
Дар Тоҷикистон Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизӣ қабул гардид
ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ ТАЪРИХ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар Рӯзи Парчами давлатӣ
АВВАЛИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Ин парчами таърихӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба фарзандон аз синни хурдсолӣ бояд маънии парчамдориву соҳибдавлатӣ, арзиши сулҳу ваҳдатро омӯзонем»
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад