Видеоконференсияи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии давлатҳои аъзои СААД баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 20.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи 22-юми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ тариқи видеоконференсия баргузор гардид. Бо намояндагӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Ҳабибулло Воҳидзода иштирок ва ҷаласаро ифтитоҳ намуд.
Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар оғози ҷаласаи мазкур натиҷаҳои фаъолияти Шӯро дар 15 соли сипаригардида таҳлилу ҷамъбаст гардида, сипас роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии давлатҳои аъзои СААД оид ба ҳолат ва раванди инкишофи вазъи маводи мухаддир дар кишварҳои худ сухан гуфтанд.
Зикр гардид, ки новобаста аз вазъи эпидемиологии баамаломада марбут ба паҳншавии сирояти коронавирус, дар давраи сипаригардидаи соли ҷорӣ дар фаъолияти худ ба натиҷаҳои мусбат ноил гардиданд. Зимнан, аъзои Шӯро зарурати нигоҳ доштани самти ташаккулёфтаи зиддимухаддиротии давлатҳои аъзои СААД-ро таъкид намуданд.
Ҳамчунин зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ масъалаҳои татбиқи Стратегияи зидди маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2015-2020, муҳлат, макон ва марҳилаҳои фаъоли баргузории амалиёти зиддимухаддиротӣ дар соли 2021, гузаронидани машқҳои махсуси таълимии сохторҳои таъйиноти махсуси вазоратҳои корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СААД ва дигар масъалаҳои муҳим дар доираи ваколатҳои ин Шӯро мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






