БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН! Сокинони Душанбе ба роҳгардӣ бо усули скандинавӣ машғул мешаванд
ДУШАНБЕ, 12.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Роҳгардӣ бо усули скандинавӣ — роҳ ба сӯи дарозумрист» — зери ҳамин шиор дирӯз дар Душанбе бахшида ба тарзи ҳаёти солим (ТҲС) чорабинӣ баргузор гардид. Сокинони синнашон ба нафақа расида аз кӯчаҳои марказии пойтахт убур намуданд. Ин даъват барои машғул шудан ба намуди нави варзиш буд, менависад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Чорабиниро Клуби душанбегии дарозумрии фаъол «Ҳамдилон — Оптима» ташкил карда буд. Он дар хиёбони Рӯдакӣ аз Донишгоҳи омӯзгорӣ то «Боғи Ирам» баргузор гардид. Дар масири он ташкилкунандагон варақаҳои иттилоотиро паҳн карда, ба сокинон фаҳмониданд, ки роҳгардӣ бо усули скандинавӣ чист ва он ба саломатӣ чӣ фоида дорад. Дар охири чорабинӣ ба иштирокчиён туҳфаҳо тақдим шуданд.
«Бо ифтихор мегӯям, ки чунин чорабинӣ дар мамлакати мо бори аввал доир шудааст», — гуфт Зулайхо Игамова, роҳбари Клуби пиронсолони фаъол «Ҳамдилон-Оптима» ҳангоми мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар». — Мо ду сол пеш аввалин шуда, дар мамлакат ба роҳгардӣ бо усули скандинавӣ машғул шудем. Ҳоло бо дастгирии Бунёди хайриявии «Музаффар» мо дар «Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбон» Мактаби роҳгардӣ бо усули скандинавӣ кушодем. Дар ин ҷо мо 5 мураббиро аз ҳисоби кормандон ва сокинони ин муассиса омода кардем. Ба даҳҳо нафақахӯроне, ки синнашон аз 60 гузаштааст ва дар ин мактаб ба варзиш машғул мешаванд, чӯбдастҳои скандинавӣ тақдим намудем».
Ба гуфтаи Зулайхо Игамова, клуб минбаъд чунин мактабҳоро дар дигар муассисаҳои иҷтимоии пойтахт низ ифтитоҳ хоҳад кард.
«Дар асл роҳгардӣ бо усули скандинавӣ танҳо барои одамони калонсол нест. Ин барои одамони тамоми синн муфид аст. Мо ҳамчун насли калонсол мехоҳем ҷавононро даъват кунем, ки аз худи ҳозир солимии ҷисмонӣ ва рӯҳии худро мустаҳкам кунанд. Барои он ки ҳангоми ба синни нафақа наздик шудан боғайрат, фаъол ва солим бимонанд”, — мегӯяд роҳбари Клуби пиронсолони фаъол «Ҳамдилон-Оптима», директори мактаби роҳгардӣ бо усули скандинавӣ Зулайхо Игамова.
Қобили зикр аст, ки роҳгардӣ бо усули скандинавӣ номҳои дигар низ дорад — скандинавӣ, норвегӣ, финӣ. Ҳамчун намуди алоҳидаи варзиш он солҳои 40-уми асри гузашта дар Финляндия пайдо шудааст. Барои дар ҳолати хуби варзишӣ нигоҳ доштани бадан пас аз хатми мавсими лижаронӣ варзишгарон ҳамин усули роҳгардиро бо чӯбдастҳо фикр карда баровардаанд. Ин аллакай намуди алоҳидаи шаклгирифтаи фитнес аст.















«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






