БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН! Сокинони Душанбе ба роҳгардӣ бо усули скандинавӣ машғул мешаванд

Ноябрь 12, 2020 13:54

ДУШАНБЕ, 12.11.2020  /АМИТ «Ховар»/. «Роҳгардӣ бо усули скандинавӣ — роҳ ба сӯи дарозумрист» — зери ҳамин шиор дирӯз дар Душанбе  бахшида ба тарзи ҳаёти солим (ТҲС) чорабинӣ баргузор гардид. Сокинони синнашон ба нафақа расида аз кӯчаҳои марказии пойтахт убур намуданд. Ин даъват барои машғул шудан ба намуди нави варзиш буд, менависад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Чорабиниро Клуби душанбегии дарозумрии фаъол «Ҳамдилон — Оптима» ташкил карда буд. Он дар хиёбони Рӯдакӣ аз Донишгоҳи омӯзгорӣ то «Боғи Ирам» баргузор гардид. Дар масири он ташкилкунандагон варақаҳои иттилоотиро паҳн карда, ба сокинон фаҳмониданд, ки роҳгардӣ бо усули скандинавӣ чист ва он ба саломатӣ чӣ фоида дорад. Дар охири чорабинӣ ба иштирокчиён туҳфаҳо тақдим шуданд.

«Бо ифтихор мегӯям, ки чунин чорабинӣ дар мамлакати мо бори аввал доир шудааст», — гуфт Зулайхо Игамова, роҳбари Клуби пиронсолони фаъол «Ҳамдилон-Оптима» ҳангоми мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар». — Мо ду сол пеш аввалин шуда, дар мамлакат ба роҳгардӣ бо усули скандинавӣ машғул шудем. Ҳоло бо дастгирии Бунёди хайриявии «Музаффар» мо дар «Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбон» Мактаби роҳгардӣ бо усули скандинавӣ кушодем. Дар ин ҷо мо 5 мураббиро аз ҳисоби кормандон ва сокинони ин муассиса омода кардем. Ба даҳҳо нафақахӯроне, ки синнашон аз 60 гузаштааст ва дар ин мактаб ба варзиш машғул мешаванд, чӯбдастҳои скандинавӣ тақдим намудем».

Ба гуфтаи Зулайхо Игамова, клуб минбаъд чунин мактабҳоро дар дигар муассисаҳои иҷтимоии пойтахт низ ифтитоҳ хоҳад кард.

«Дар асл роҳгардӣ бо усули скандинавӣ танҳо барои одамони калонсол нест. Ин барои одамони тамоми синн муфид аст. Мо ҳамчун насли калонсол мехоҳем ҷавононро даъват кунем, ки аз худи ҳозир солимии ҷисмонӣ ва рӯҳии худро мустаҳкам кунанд. Барои он ки ҳангоми ба синни нафақа наздик шудан боғайрат, фаъол ва солим бимонанд”, — мегӯяд роҳбари Клуби пиронсолони фаъол «Ҳамдилон-Оптима», директори мактаби роҳгардӣ бо усули скандинавӣ Зулайхо Игамова.

Қобили зикр аст, ки роҳгардӣ бо усули скандинавӣ номҳои дигар низ дорад — скандинавӣ, норвегӣ, финӣ. Ҳамчун намуди алоҳидаи варзиш он солҳои 40-уми асри гузашта дар Финляндия пайдо шудааст. Барои дар ҳолати хуби варзишӣ нигоҳ доштани бадан пас аз хатми мавсими лижаронӣ варзишгарон ҳамин усули роҳгардиро бо чӯбдастҳо фикр карда баровардаанд. Ин аллакай намуди  алоҳидаи шаклгирифтаи фитнес аст.

Ноябрь 12, 2020 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд