«Президент — кафили зиндагии шоиста»-бардошт аз конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи Президент

Ноябрь 13, 2020 16:16

ДУШАНБЕ, 13.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Рӯзи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-иди бузурги умумимиллӣ, тантанаи волоияти қонун ва  маҳбубияти  хоссае  мебошад, ки дар ин рӯз  сипосгузорӣ  намудан  ба  хизматҳои   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти  мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ҳамчун  шахсияти сулҳофару бобаракат қобили дастгирист. Ин нуктаро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода зимни ифтитоҳи конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Президент-кафили зиндагии шоиста», ки имрӯз  ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, баён дошт.

Конфронс бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, собиқадорони меҳнат, фаъолзанони қишрҳои мухталифи ҷомеа, инчунин устодону донишҷӯдухтарони Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»-и назди Кумита иштирок намуданд.

Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз намуд, ки дар  Тоҷикистон   ҷашнҳои  гуногун  ва  барномаҳои   фарҳангию  сиёсӣ  бо  рамзу анъана ва суннатҳои  миллӣ  хеле зиёд  муаррифӣ  мегарданд  ва  мардум онҳоро  бо  шодию сурур ва  ифтихормандиҳо   истиқбол мегиранд. Дар баробари самимияту  эҳтироми хосса ва арҷгузориҳо ба Рӯзи  Президент, ки  дар тамоми қаламрави  Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад,  ин  чорабинии  сиёсӣ  боз   иқдоми накӯест, ки  барои  қадршиносии заҳматҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва  вориси тоҷикони ҷаҳон   муҳимияти  хосса дорад.

Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаммадӣ  Сафолзода зикр намуд, ки «16 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз маросими савгандёдкунӣ ба ҳайси Сарвари давлат ба фаъолият шурӯъ намуда, барои мардум сулҳ оварданд. Маҳз ин марди худодод тавонист  табассуми гумшударо ба лабони пиру барно дубора баргардонад. Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, беҳсозии сатҳи некӯаҳволии мардум, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлоли энергетикӣ бузург аст».

Дар конфронси мазкур вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода дар мавзӯи «Нақши сиёсии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар рушди босуботи Тоҷикистон», муовини Раиси шаҳри Душанбе, номзади илмҳои таърих Мавсума Муинӣ дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон Пешвои сулҳофар ва Президенти маҳбуби миллат», муовини Раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам дар мавзӯи «Нақши Ҷаноби олӣ дар таҳким  ва тақвият бахшидан ба Ваҳдати миллӣ» ва роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода  дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар ташаккули ҷомеаи муосири Тоҷикистон» маърӯза карданд.

Дар интиҳои кори конфронс байни иштирокдорони ҳамоиш  мубоҳисаҳои судманд сурат гирифтанд.

Ноябрь 13, 2020 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад