ХУШХАБАР! Тавассути сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат 2 оилаи маъюб бо хонаи истиқоматӣ таъмин гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Барои дар амал татбиқ намудани сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирӣ аз иқдомҳои наҷибонаи Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби соҳибкор, Роҳбари ҶДММ «Сарманзил», узви ҲХДТ ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ду оилаи дорои имконияти маҳдуд соҳиби манзили дуҳуҷрагӣ гардиданд.
Манзилҳои истиқоматӣ дар маркази шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Ҳусейнзода, № 10 ҷойгир буда, аз ҷониби соҳибкор бо тамоми шароити замонавӣ, таҷҳизот ва маводи мавриди ниёзи аввал таъмин гардидаанд.
Ҳамчунин соҳибкор Маҳмудҷон Муродов ба фарзандони ин ду оила сару либос тақдим намуд.
Зимни супоридани хонаҳо соҳибкор Маҳмудҷон Муродов зикр намуд, ки “имрӯз нафарони камбизоат танҳо нестанд ва онҳо зери сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд”.
Бояд гуфт, ки имрӯз соҳибкорони муваффақи пойтахт дар партави дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ фаъолияти созандагию ободкориро дар шароити муосир пешаи худ намуда, дар ин замина саҳми худро дар пешрафти мамлакат мегузоранд.
Маҳмудҷон Муродов қаблан ба 3 нафар оилаҳои ятим ва дорои шахсони маъюб- Раъно Раҳимова, Фотима Убайдова ва Зебуниссо Акрам, оилаҳои камбизоат дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе хона дода буд. Ӯ Хонаи кӯдакони пойтахтро бо харҷи қариб 7 миллион сомонӣ таъмир намуда, инчунин таъмири биноҳои як кӯчаро ба уҳда гирифт. Ҳамчунин ба 150 нафар ниёзмандон, маъюбон, беморон ва оилаҳои камбизоати маҳаллаи Камоли Хуҷандӣ ва Шоҳмансур-1-и пойтахт маводи мавриди ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, макарон ва ғайра кумак расонид.
Ёдовар мешавем, ки дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кумакҳои моддӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ба ҳукми анъана даромадааст. Соҳибкорони тоҷик ҳамеша аз сиёсати созандаи иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат пуштибонӣ карда, барои пешрафту ободонии мамлакат ва дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа иқдом менамоянд.















Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд






