24 ва 27 декабр дар Душанбе бозиҳои дӯстона байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Эрон баргузор мешаванд

Декабрь 22, 2020 08:30

ДУШАНБЕ, 22.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. 24 ва 27 декабр, соати 14:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Душанбе бозиҳои дӯстона байни дастаҳои мунтахаби  ҷавонони Тоҷикистон ва Эрон баргузор мешаванд. Ба ин муносибат ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон оид ба  футбол  таҳти роҳбарии Мубин Эргашев ҳайати бозингаронро барои бозиҳои дӯстона бо дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи  Эрон эълон кард. Барои бозиҳои дарпешистода сармураббии  дастаи мунтахаби ҷавонони   Тоҷикистон  Мубин Эргашев 24 бозингар — 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро даъват кардааст.

Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳайати дастаи  мунтахаби Тоҷикистон (U-19) дар бозии дӯстона бар зидди  дастаи мунтахаби ҷавонони Эрон:

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Барқчӣ»);

Дифоъгарон: Алиҷон Кароматуллозода (КМВА), Манучеҳр Сафаров, Муҳаммад Саломзода, Шоҳрух Сангов, Исроил Холов, Ҷонибек Шарипов (ҳама – «Локомотив-Помир»), Раҳим Қурбонов («Олимп-Химки», Россия);

Нимҳимоятгарон: Муҳаммадалӣ Азизбоев («Металлург», Ӯзбекистан), Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Амадонӣ Камолов («Истиқлол»), Салам Ашурмамадов («Истаравшан»), Озодбек Панҷиев, Шуҳрат Элмуродов, Шарифбек Раҳматов, Эмомалӣ Аҳмадхон (ҳама – «Локомотив-Помир»), Ҳикматилло Исмоилов («Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова), Рустам Соиров («Истиқлол»), Ислом Зоиров, Азизбек Ҳасанов (ҳарду – «Локомотив-Помир»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.

Бозиҳои дӯстона

24 декабр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ соати 14:00

Тоҷикистон(U-19) – Эрон (U-19)

Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

27 декабр (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 14:00

Тоҷикистон (U-19) – Эрон (U-19)

Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Декабрь 22, 2020 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод