28 нафар динамочиёни наврас дар мусобиқа оид ба каратэ-кёкушинкай соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд

Декабрь 9, 2020 09:40

ДУШАНБЕ, 09.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони навраси аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба каратэ-кёкушинкай байни наврасон, ки 5-6 декабр дар толори Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ба чанд дастоварди назаррас соҳиб гардиданд. Дар ин мусобиқа дастаи мазкурро 39 нафар дастпарварони Мураббии шоистаи ҷумҳурӣ Саидаҳмад Раҳмонов намояндагӣ карданд. Мояи ифтихор аст, ки 28 нафар динамочиёни наврас соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд, аз ҷумла 7 нафар мақоми аввал, 10 нафар зинаи дуюм ва 11 нафар мақоми сеюмро соҳиб гаштанд. Дар ин бора  аз   Вазорати корҳои дохилӣ ба   шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон    хабар доданд.

Дар мусобиқаи мазкур  8 дастаи мактабҳои варзишӣ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ-Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо теъдоди беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ширкат варзиданд.

Зинаҳои фахрии аввалро дар синни 6-7 Ҳилол Аминов дар вазни 20 кило ва Муҳаммад Раҳмонзода дар вазни 25 кило, дар синни 8-9 Меҳрдод Ширинбеков дар вазни 30 кило, дар синни 10-11 Наҷибулло Худойназаров дар вазни 30 кило ва Сулаймон Бобоев дар вазни беш аз 50 кило, инчунин дар синни 12-13 Иброҳим Қодиров дар вазни 40 кило ва Латифҷон Назаров дар вазни 45 кило мушарраф гардиданд.

Ғолибон бо медалу Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии ташкилкунандагони мусобиқа қадрдонӣ карда шуданд.

Декабрь 9, 2020 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд