3 бонуи ихтироъкори тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии «KIWIE» дар шаҳри Сеул соҳиби медалҳои тилло гардиданд

Декабрь 25, 2020 13:20

ДУШАНБЕ, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.    Имрӯз аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода  маросими супоридани ҷоизаҳои байналмилалӣ ба 3 нафар занҳои ихтироъкори ҷумҳурӣ- ходими илми  химияи пайвастагиҳои гетеросиклӣ Муътабар Зоидова, ассистенти кафедраи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии Донишкадаи такмили ихтисос ва баъдидипломии кормандони соҳаи тиб Парвина Мухторова ва муовини декан оид ба илм ва донишҷӯёни шартномавии факултети «Нақлиёт»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ Тахмина Маҳмудова, ки дар 13 – умин Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор «KIWIE – 2020» ва Форуми байналмилалии занҳои ихтироъкор иштирок намуда, соҳиби медали тилло гардиданд, баргузор шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазири рушди иқтисод ва савдо мамлакат иттилоъ доданд.

Бояд гуфт, ки Намоишгоҳ дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ аз 23 то 25 октябри соли равон баргузор гардида аз 17 кишвари аъзои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ 441 нафар бонуи ихтироъкор (230 ихтироъ) иштирок намуданд.

Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 31 январи соли равон эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои навоварон ва ихтироъкорони ҷумҳурӣ давраи нави эҷодӣ ва масъулиятноке ба миён овард, ки ғолиб баромадани бонувон-ихтироъкорон натиҷаи самараи он ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин Вазири рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғолибони намоишгоҳро табрик ва ҳавасманд гардонида, барои аз бар намудани илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ ва боз ҳам баланд бардоштани шуҳрати Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ даъват ба амал овард.

Декабрь 25, 2020 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд