ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хуҷанд 100 майдончаи варзишӣ сохта мешаванд
ДУШАНБЕ, 24.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 100 адад майдончаҳои варзишӣ бунёд ва ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти
раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба масъулин супориш дод, ки иншооти варзишӣ бештар дар маҳаллаҳои шаҳр сохта шаванд, то он ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, хусусан миёни ҷавонону наврасон мусоидат намояд.
Дар шаҳри Хуҷанд корхонаи муштараки «Арча-мебел», воқеъ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» фаъолият мекунад, ки яке аз самтҳои корхона тайёр кардани дастгоҳҳо барои тамрин мебошад.
Айни замон корхонаи мазкур ба истеҳсоли 20 намуд таҷҳизоти гуногуни варзишӣ ва фароғатӣ машғул буда, бо нархҳои дастрас онро вориди бозори дохилӣ менамояд. Инчунин мувофиқ ба завқи мизоҷон ва фармоишоти гуногуни дастгоҳҳои машқу тамринӣ истеҳсол мекунанд. Корхонаи мазкур барои таҷҳизонидани майдончаҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол, майдончаҳои хурди кўдакона ва истироҳату фароғат низ иқтидорҳои кофӣ дошта, барои амалинамоии фармоишот заминаи мусоид дорад.
Раиси шаҳри Хуҷанд аз роҳбарони корхонаи «Арча-мебел» даъват ба амал овард, ки ҷиҳати пешниҳоди лоиҳаҳои мушаххаси майдончаҳои варзишӣ бо назардошти маҷмӯи таҷҳизоти машқу тамрин бо сифати баланд корро дар ин самт оғоз намоянд.








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






