Ҳабибулло Воҳидзода дар видеоконференсияи нишасти 9 Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ иштирок намуд

Декабрь 16, 2020 13:20

ДУШАНБЕ, 16.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз тариқи видеоконференсия нишасти 9-уми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя баргузор гардид. Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамраисии нишасти мазкурро ба зимма дошт, аз ҷониби Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода муаррифӣ карда шуд.

Зимни нишаст раванди татбиқи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя дар нимаи дуюми соли 2019 ва соли 2020, нақшаҳои фаъолият дар соли 2021 ва масъалаи тамдиди муҳлати амали ин барнома барои солҳои 2021-2025 баррасӣ гардида, дар ин самт қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Декабрь 16, 2020 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд