Ҳайатҳои Тоҷикистону Германия масъалаҳои тавсеаи ҳамкории судмандро баррасӣ намуданд

Декабрь 11, 2020 15:35

ДУШАНБЕ, 11.12.2020 /АМИТ  «Ховар»/.  Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия тариқи видеоконфронс гуфтушунидҳо дар  масъалаҳои рушди  ҳамкории минбаъдаи ду кишвар доир  гардиданд, иттилоъ медиҳад Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва ҳайати Ҷумҳурии Федеративии Германияро Ваколатдор оид ба кишварҳои Осиёи Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (BMZ) Гизела Хаммершмидт роҳбарӣ намуда, ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия боз ҳам рушд ва тақвият меёбад.

Абураҳмон Абдураҳмонзода зикр кард, ки бо шарофат ва иродаи олии сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории стратегии кишварҳои мо ба сатҳи баланд баромада, самтҳои афзалиятнокро дар бар мегиранд.

Гуфтушунидҳо дар фазои созанда ва дӯстона баргузор гардида, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо дарназардошти натиҷаи машваратҳои қаблии байниҳукуматӣ, ки соли 2019 дар Душанбе доир гардида буд, маблағҳои грантии ҷониби Германияро ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон равона менамоянд.

Ҳайатҳои ҳарду кишвар масъалаҳои ҳамкории кунунӣ ва минбаъдаро дар самтҳои асосӣ, аз қабили соҳаҳои рушди устувори иқтисодӣ, тандурустӣ, бахши маблағгузории хурд, энергетика, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи муҳити зист муҳокима карданд.

Дар рафти гуфтушунидҳо ҷониби Тоҷикистон маблағҳои грантии Ҳукумати Германия, ки 19,2 миллион евроро ташкил медиҳад, барои соҳаи тандурустӣ ҷалб намуд. Аз ҷумла аз ин маблағҳо 11 миллион  евро барои сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани Маркази бемориҳои сили вилояти Хатлон равона мегардад.

Инчунин дар доираи гуфтушунидҳо ба дигар лоиҳаҳои афзалиятнок, аз қабили мусоидат ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, Беморхонаи ҷумҳуриявии кӯдаконаи бемориҳои сил ва рушди устувори иқтисодӣ маблағҳои иловагӣ ҷалб карда шуданд. Дар анҷоми гуфтушунидҳо протоколи дахлдор ба имзо расонида шуд.

Декабрь 11, 2020 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид