Ҳашт қатли ҳадафмандона дар даҳ рӯзи охир дар Кобул

Декабрь 11, 2020 10:42

ДУШАНБЕ, 11.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамидуллоҳ ал-Бухорӣ — олими дин, раҳбари бахши кори мазҳабӣ ва фарҳангии дивизияи 111, яке аз охирин қурбониёни кушторҳои ҳадафнок дар минтақаи Пули Чархии Кобул мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи шабакаи телевизионии Афғонистон tolonews.com.

Дар идомаи қатлҳои мақсаднок дар Кобул, Ҳамидуллоҳ ал-Бухорӣ — олими дин, раҳбари бахши кори динӣ ва фарҳангии дивизияи 111 дар наздикии қисми низомии мазкур кушта шуд.

Дар ҳамин ҳол, шахсони мусаллаҳи ношинос дар ноҳияи Панҷуми Кобул як полковники мустаъфиро низ қатл намуданд.

Мутобиқи омор, дар даҳ рӯзи охир дар Кобул аз ҷониби афроди мусаллаҳи номаълум ҳашт нафар кушта шуданд.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар як моҳи охир 22 нафар хизматчии низомӣ дар манотиқи гуногуни кишвар кушта шуданд.

Ҳамидуллоҳ ал-Бухорӣ яке аз охирин қурбониёни кушторҳои ҳадафнок дар минтақаи Пули Чархии Кобул мебошад.

«Вазъият бад аст, дар ин ҷо ҳама мардуми бенаво зиндагӣ мекунанд, ҳама шаҳид мешаванд», — гуфт вакили маҳалла Раҳматуллоҳ Ҳамза.

Тӯфан Туркӣ, як афсари мустаъфӣ дар ноҳияи 5 ва Ҳанифуллоҳ Хоксор, муҳофизи сардори пешини полиси вилояти Бодғис — ду нафари дигаранд, ки дирӯз дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ кушта шуданд.

«Ҳеҷ амният нест. Агар ба хона меравем, бояд чор ё панҷ нафар ҳамроҳамон бошанд», — гуфт Аҳмад Соҳил Нурӣ, як сокини пойтахт.

«Амният рӯз ба рӯз бадтар мешавад, мардум дар назди идораи полис кушта мешаванд», — гуфт Муҳаммад Оғо, як сокини дигари пойтахт.

Тақрибан ду моҳ аст, ки муовини аввали президент масъулияти таъмини пойтахтро ба даст гирифтааст. Аммо шаҳрвандон мегӯянд, ки рӯйдодҳои ҳаросафканӣ ҳамоно мардумро нигарон кардааст.

Декабрь 11, 2020 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд