Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиш даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистонро дар соли 2020 муайян кард
ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) даҳ варзишгари беҳтарини соли 2020-ро муайян кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба раиси АЖРВТ Нарзулло Латифов хабар медиҳад.
Бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳо инҳо дохил шуданд:
Баҳодур УСМОНОВ (бокс) – дорандаи роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020. Ӯ дар мусобиқаи интихобӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус дар Урдун дар вазни 63 кг соҳиби роҳхати олимпӣ шуд.
Шаббос НЕЪМАТУЛЛОЕВ (бокс) – дорандаи роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 . Ӯ дар мусобиқаи интихобӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус дар Урдун дар вазни 81 кг соҳиби роҳхати олимпӣ шуд.
Акмалиддин КАРИМОВ (самбо) – дорандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон дар вазни 57 кг дар Сербия.
Хушқадам ХУСРАВОВ (самбо) — дорандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар вазни 62 кг дар Сербия.
Комроншоҳи УСТОПИРИЁН (самбо)– дорандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар вазни 90 кг дар Сербия.
Ҳикматулло ВОҲИДОВ (гӯштини озод) – дорандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар вазни 57 кг дар Ҳиндустон.
Муҳаммад ИКРОМОВ (гӯштини озод) – дорандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар вазни 61 кг дар Ҳиндустон.
Искандари РУСТАМ (гӯштини озод) – дорандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 97кг дар Ҳиндустон.
Мубинҷон АҲМАДОВ (гӯштини юнониву румӣ)– дорандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 63 кг дар Ҳиндустон.
Муниса ОЙМАТОВА (таэквон-доWT) — дорандаи медали тиллои мусобиқаи байналмилалии Fujairah Open G2 дар вазни 49 кг дар Аморати Муттаҳидаи Араб.
«Чунонки маълум аст, ба далели пандемияи коронавирус Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио ба соли оянда мавқуф гузошта шуданд. Инчунин бисёр мусобиқаҳои ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ бекор ва ё ба соли 2021 гузаронида шуданд. Аз ин рӯ, варзишгарони тоҷик натавонистанд имсол дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳониву қитъавӣ ҳузури бештар дошта бошанд»,-гуфт раиси АЖРВТ Нарзулло Латифов.









Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид






