Қазоқистон ба Тоҷикистон 100 адад дастгоҳи сайёри ҳаводиҳии сунъии шушҳо фиристод

Декабрь 25, 2020 10:40

ДУШАНБЕ, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 100 адад  дастгоҳи сайёри ҳаводиҳии сунъии шушҳо (ҲСШ)-и истеҳсоли қазоқӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ирсол шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора 24 декабр хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон иттилоъ додааст.

Дар хабар омадааст, ки 22 декабр Қазоқистон 100 адад дастгоҳи сайёри ҳаводиҳии сунъии шушҳо — «Кокчетав-4П» -ро тавассути нақлиёти автомобилӣ ба Тоҷикистон ирсол намуд.

Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон дастгоҳҳоро дар доираи иҷрои фармони Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон аз 10 декабри соли 2020 «Дар бораи расонидани кумаки башардӯстонаи расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон» фиристод.

Ёдовар мешавем, ки дастгоҳҳои “Кокчетав-4П” дар корхонаи Тинис дар Кокшетау васл карда мешаванд. Корхона дар як моҳ тақрибан 500 адад чунин дастгоҳ истеҳсол мекунад ва нархи як дастгоҳ 750 ҳазор тенге мебошад (мутобиқи қурби асъор то 25 декабр тақрибан 1783,26 доллар — шарҳи АМИТ «Ховар»).

Дастгоҳҳои мазкур сайёр мебошанд, яъне онҳоро, масалан, дар мошини ёрии таъҷилӣ насб кардан ва ё ҳатто дар хона истифода бурдан мумкин аст.

                                                                    АКСИ: Express-k.kz

Декабрь 25, 2020 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад