Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид мегарданд
ДУШАНБЕ, 07.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.
Тибқи иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» ва Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Мисри Араб мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар асоси ин тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду моддаи нав, яъне моддаи 352 ва 771 илова карда мешаванд.
Тартиби баррасӣ кардани мавод дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ тибқи моддаи 351 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» муайян карда мешавад. Амалҳои тафтишӣ бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешаванд, вале тибқи Кодекси амалкунандаи мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тартиб ба таври пайдарҳамии мантиқӣ ва фарогирии ҳамаи масъалаҳое, ки иҷозати судро талаб менамояд, пешбинӣ нашудааст, ки дар амалия боиси аз рӯи шабоҳати қонун татбиқ кардани меъёрҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Аз ин рӯ, зарурати пешбинӣ шудани меъёри махсус, ки тартиби гирифтани иҷозати судро оид ба гузаронидани амалҳои тафтишӣ муайян менамояд, ба миён омадааст. Аз ин лиҳоз, ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав,моддаи 352 (Тартиби гирифтани иҷозати суд барои гузаронидани амали тафтишӣ) илова карда мешавад.
Дар моддаи 57-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассис ҳамчун яке аз субъектҳои мурофиаи судии ҷиноятӣ нишон дода шудааст, ки фарогири мақсади ҷалб ва ҳуқуқу уҳдадориҳои мутахассис мебошад, вале масъалаҳои нишондод ва хулосаи ӯро ҳамчун далел дар бар нагирифтааст. Бинобар ин, дар лоиҳа ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намудани моддаи нав — «Моддаи 771. Хулоса ва нишондоди мутахассис» пешбинӣ шудааст.
Дар маҷмӯъ, лоиҳа аз 31 қисм иборат буда, тибқи он ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иловаи 2 моддаи нав, ифодаи як боб дар таҳрири нав ва ба 35 моддаи Кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳо дар назар дошта шудааст, ки асосан ин тағйиру иловаҳо хусусияти меъёрӣ, моҳиятӣ, мазмунӣ ва услуби забони давлатӣ ба шумор мераванд.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин таъкид карда шуд, ки бо мақсади густариши робитаҳои дуҷониба байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Мисри Араб-Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Мисри Араб дар ҳайати панҷ нафар вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил карда шуд.








Ҷаласаи Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур баргузор гардид
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир гардид
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» баррасӣ шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Масъалаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонун «Дар бораи хизмати дипломатӣ» баррасӣ гардид
Шермуҳаммад Шоҳиён дар ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии умури сиёсии Ассамблеяи парлумонии Осиё иштирок намуд
Вакилони тоҷик дар конфронси байналмилалӣ оид ҳамкории байнипарламентии кишварҳои ИДМ иштирок намуданд
Ориф Амирзода муовини раиси Шурои коршиносон оид ба экология ва истифодаи табиат дар назди Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ интихоб шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нумон Куртулмуш мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш дар ҳузури ҳайатҳои парламентҳо мулоқот анҷом доданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш мулоқот намуданд






