Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид мегарданд

Декабрь 7, 2020 11:10

ДУШАНБЕ, 07.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.

Тибқи иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси  мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» ва  Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Мисри Араб  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баромади Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади татбиқи муқарарроти Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028  ва амалисозии Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мукаммалсозии қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқгардонии ин самт бо меъёрҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон омода гардидааст.

Дар асоси ин тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду моддаи нав, яъне моддаи 352 ва 771 илова карда мешаванд.

Тартиби баррасӣ кардани мавод дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ тибқи моддаи 351 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» муайян карда мешавад. Амалҳои тафтишӣ бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешаванд, вале тибқи Кодекси амалкунандаи мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тартиб ба таври пайдарҳамии мантиқӣ ва фарогирии ҳамаи масъалаҳое, ки иҷозати судро талаб менамояд, пешбинӣ нашудааст, ки дар амалия боиси аз рӯи шабоҳати қонун татбиқ кардани меъёрҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Аз ин рӯ, зарурати пешбинӣ шудани меъёри махсус, ки тартиби гирифтани иҷозати судро оид ба гузаронидани амалҳои тафтишӣ муайян менамояд, ба миён омадааст. Аз ин лиҳоз, ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав,моддаи 352 (Тартиби гирифтани иҷозати суд барои гузаронидани амали тафтишӣ) илова карда мешавад.

Дар моддаи 57-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассис ҳамчун яке аз субъектҳои мурофиаи судии ҷиноятӣ нишон дода шудааст, ки фарогири мақсади ҷалб ва ҳуқуқу уҳдадориҳои мутахассис мебошад, вале масъалаҳои нишондод ва хулосаи ӯро ҳамчун далел дар бар нагирифтааст. Бинобар ин, дар лоиҳа ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намудани моддаи нав — «Моддаи 771. Хулоса ва нишондоди мутахассис» пешбинӣ шудааст.

Дар маҷмӯъ, лоиҳа аз 31 қисм иборат буда, тибқи он ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иловаи 2 моддаи нав, ифодаи як боб дар таҳрири нав ва ба 35 моддаи Кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳо дар назар дошта шудааст, ки асосан ин тағйиру иловаҳо хусусияти меъёрӣ, моҳиятӣ, мазмунӣ ва услуби забони давлатӣ ба шумор мераванд.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин таъкид карда шуд, ки бо мақсади густариши робитаҳои дуҷониба байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Мисри Араб-Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Мисри Араб дар ҳайати панҷ нафар вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил карда шуд.

Декабрь 7, 2020 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад