Ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру илова ворид мегардад

Декабрь 21, 2020 16:10

ДУШАНБЕ, 21.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.

Ба иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов, дар ҷаласа  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои  иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати мушаххас намудани ваколатҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм бо мақсади аз байн бурдани такрорёбии ваколатҳо аз тарафи дигар сохторҳои давлатӣ дар самти назорати фаъолияти илмӣ, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Тибқи тағйироти пешниҳодгардида дар қисми 1 моддаи 60 Кодекси амалкунанда калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм» иваз карда шуда, ҳамзамон ба моддаи 64-и Кодекси мазкур, қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шудааст:

«3. Фаъолияти илмӣ дар соҳаи тандурустӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм бо ҷалби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ назорат карда мешавад».

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода таъкид кард, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонӣ ба сархати якуми моддаи 14 ва моддаи 27-и  Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 9 ва 69-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гаштааст. Лоиҳаи Қонуни мазкур аз ду қисм иборат буда, дар асоси қисми 1 он баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои об ба ваколати мақомоти назорати истифода ва ҳифзи муҳити зист вогузор карда мешавад. Минбаъд санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз тарафи шахсони ваколатдори мақомоти назорати истифода ва ҳифзи муҳити зист тартиб дода мешаванд. Тибқи қисми 2 лоиҳа моддаи 103-и Кодекси амалкунанда, ки ба ваколати мақомоти ҳифзи захираҳои об тааллуқ дорад, хориҷ карда мешавад.

Лоиҳаи Қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус ба қисми дуюми моддаи 10, моддаҳои 13 ва 14, инчунин сархати якуми моддаи 14 ва моддаи 27-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Декабрь 21, 2020 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
17 октябр иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад