Бо ташаббуси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон конференсияи илмӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори таърихии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 26-умин солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи илмӣ дар мавзӯи «Таҳкими Истиқлоли давлатӣ рисолати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» баргузор гардид. Конференсияи мазкур бо ташаббуси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон баргузор шуда, дар он шахсиятҳои таърихӣ, собиқадорони ҳизб, вакилони мардумӣ ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон иштирок намуданд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода оғоз шуда, мавсуф нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар муттаҳид гардонидани мардуми кишвар ва нақши ҲХДТ-ро дар рушди босуботи ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳнамоиву ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизб тавассути қабул ва амлигардонии Барномаҳои мукаммал тавонист дар як муддати кӯтоҳ дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад.
Ҳамзамон ноиби раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Давлаталӣ Давлатзода перомуни таърихи таъсис, омилҳо, заминаҳо ва шебу фарозҳои ҷодаи тайнамудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ёдоварӣ намуда, зикр кард ки ҲХДТ дар асоси ормонҳои миллӣ таъсис шуда, тибқи дастури Пешвои миллат барои рӯи кор омадани он низомнома ва оинномаи пешрафтатарин аҳзоби сиёсии ҷаҳон омӯхта шуданд ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо саҳифаҳои нав рӯи саҳнаи сиёсии Тоҷикистон омада, дар пешрафти соҳаҳои мухталиф нақши сазовор мегузорад.
Дар конференсияи мазкур инчунин Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар мавзӯи «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон омили таҳкими Истиқлолияти давлатӣ» ва муовини якуми раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Назирӣ дар мавзӯи «Нақши беназири Пешвои миллат дар ташкил ва фаъолияти ҲХДТ маърӯза намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз бузургтарин ва сернуфузтарин аҳзоби сиёсии Тоҷикистон буда, 26 сол муқаддам таъсис ёфтааст.








Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид






