ЧӢ ТАВР ЗУКОМРО АЗ COVID-19 БОЯД ФАРҚ КАРД? Ба ин суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» пулмонолог (духтури бемориҳои шуш) Ҳакимахон Ахмедова посух дод

Декабрь 17, 2020 08:12

ДУШАНБЕ, 17.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли зимистон шумораи гирифторони бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла бемории зуком зиёд мешаванд.  Ҳангоми якбора иваз шудани боду  ҳаво масунияти бадани одам паст гардида, шахс гирифтори вирусҳои гуногун мегардад. Ҳоло, ки ҷаҳонро пандемияи коронавируси нав COVID-19 фаро гирифтааст ва он бо зуком нишонаҳои монанд дорад, сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои шуш Ҳакимахон Ахмедова зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» фарқияти нишонаҳои ин ду бемориро шарҳ дод.

«Дар марҳилаи имрӯза авҷи бемории мавсимии зуком ба қайд гирифта шудааст. Зуком (грипп) ва COVID-19 бемории вирусӣ буда, аломатҳои ба ҳамдигар монанд доранд. Баландшавии ҳарорат, дарди гулӯ, пайдошавии сулфа ва беҳолӣ  аломатҳое мебошанд, ки ҳам хоси зуком ва ҳам COVID-19 ҳастанд.  Вале дар баробари нишонаҳои якхела доштан метавон онҳоро аз ҳамдигар фарқ намуд»,- гуфт Ҳакимахон Ахмедова.

«Агар бемориро дуруст таҳлил намоем, дар рӯзҳои аввал   мо метавонем фарқияти бемории зукомро аз коронавирус муайян кунем. Фарқияти якуми  беморӣ- ин давраи  инкубатсионӣ мебошад, ки дар зуком он хеле кӯтоҳ 2-3 рӯз ва дар COVID-19 аз 2 то 14 рӯзро дарбар мегирад. Фарқияти дуюм оғози беморӣ мебошад, ки дар ҳолати зуком шадид ва ҳарорати бадан аз 38,5 боло мешавад. Дар COVID-19 ҳарорат якбора баланд намегардад.  Ҳангоми гирифтори бемории коронавирус шудан ҳарорати бадан аз 37,1 то 37,5 шуда, дар вақти аз ҳолати миёна ба вазнин гузаштани беморӣ баъд аз 4-6 рӯз  баландшавии ҳарорат аз 38,5 боло мебарояд»,-иброз дошт мутахассиси соҳа.

Инчунин, бино ба гуфтаи духтури  пулмонолог Ҳакимахон Ахмедова, дар ҳолати коронавирус сулфа хушк буда, дар вақти зуком сулфа бо ихроҷи ками балғам  мушоҳида мешавад. Дар ҳолати зуком обреза аз бинӣ ва атсазанӣ  ба амал меояд, дар COVID-19  баъзан вақт ҳолати ками обравии бинӣ бидуни атсазанӣ дида мешавад.  Гумшавии ҳисси бӯй ва мазза танҳо дар коронавирус ба мушоҳида расида, он хоси зуком намебошад.

«Муҳимтар аз ҳама, агар бемории зукомро дар хона  табобат кунем, дар муддати 2-3 рӯз он пурра бартараф шуда,  пневмония  зуҳур намекунад. Агар пневмония пайдо шавад ҳам, як қисми шушро ба илтиҳоб гирифтор мекунад. Дар ҳолати пневмонияи коронавирусӣ илтиҳоб дутарафа шуда, пурра шушро фаро мегирад», — мегӯяд Ҳ. Ахмедова.

Декабрь 17, 2020 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон