Дар Душанбе боз 200 бинову иншоот ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст мегарданд
ДУШАНБЕ, 25.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Барои пайваст намудани боз 200 бинову иншооти пойтахт ба шабакаҳои гармидиҳӣ дар давраи зимистони солҳои 2021-2022 таклиф пешниҳод намоед, — чунин дастур доданд ба сохторҳои дахлдор Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, ки имрӯз дар пойтахти мамлакат баргузор гардид.
Дар иҷлосия зикр гардид, ки ба ҳолати 1 декабри соли 2020 дар пойтахт ба 2560 иншоот энергияи гармӣ интиқол дода шуд, ки 101 фоизи иҷрои нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти оморӣ соли 2020 1,4 миллиард кВт соат энергияи барқ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 фоиз зиёд мебошад.
Рустами Эмомалӣ бо мақсади сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ ва пешгирии ҳолатҳои ба таври дузди истифода бурдан аз он, махсусан дар давраи зимистон ба муовини соҳавӣ дастуру супориш доданд, ки якҷо бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, сохторҳои дахлдори шаҳрию ҷумҳуриявӣ корҳои санҷишию фаҳмондадиҳиро дар ташкилоту муассисаҳо ва байни сокинони пойтахт тақвият бахшанд.








«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






