Дар Душанбе боз 200 бинову иншоот ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст мегарданд

Декабрь 25, 2020 13:52

ДУШАНБЕ, 25.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Барои пайваст намудани боз 200 бинову иншооти пойтахт  ба шабакаҳои гармидиҳӣ дар давраи зимистони солҳои 2021-2022 таклиф пешниҳод намоед, — чунин дастур доданд ба сохторҳои дахлдор Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар  иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, ки имрӯз дар пойтахти мамлакат  баргузор  гардид.  

Дар иҷлосия зикр гардид, ки  ба ҳолати 1 декабри соли 2020 дар пойтахт ба 2560 иншоот энергияи гармӣ интиқол дода шуд, ки 101 фоизи иҷрои нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти оморӣ соли 2020 1,4 миллиард кВт соат энергияи барқ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 фоиз зиёд мебошад.

Рустами Эмомалӣ  бо мақсади сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ ва пешгирии ҳолатҳои  ба таври  дузди истифода бурдан аз он, махсусан дар давраи зимистон ба муовини соҳавӣ   дастуру супориш доданд, ки якҷо бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, сохторҳои дахлдори шаҳрию ҷумҳуриявӣ корҳои санҷишию фаҳмондадиҳиро дар ташкилоту муассисаҳо ва байни сокинони пойтахт  тақвият  бахшанд.

Декабрь 25, 2020 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд