Дар Душанбе навбатдории шабонаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳои он ба роҳ монда шуд
ДУШАНБЕ, 01.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазами соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагидорӣ дар пойтахт, мусоидат ба ҳалли саривақтии муроҷиатҳо ва мушкилоти шаҳрвандон дар давраи зимистони солҳои 2020-2021 навбатдории шабонаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ба роҳ монда шуд. Ҷадвали навбатдории шабонаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 30 ноябри соли 2020 тасдиқ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори мазкур директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе», Муассисаи давлатии «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе», Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези шаҳри Душанбе», Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳрӣ муваззаф шудаанд ҷиҳати ташкили навбатдории шабона аз ҳисоби кормандон тадбирҳо андешида, вобаста ба хизматрасониҳои коммуналӣ, таъмин намудан бо об, энергияи барқу гармидиҳӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.








Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд






