Дар Душанбе оид ба пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 ҳамоиши кормандони соҳаи тандурустӣ доир шуд

Декабрь 4, 2020 16:46

ДУШАНБЕ, 4.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш»» ҳамоиши кормандони соҳаи тандурустии пойтат доир шуд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ҳадафи ҳамоиши мазкурро пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 арзёбӣ намуд.

«Бемории  COVID-19 охири соли 2019 ва дар соли 2020 барои инсоният мушкилоти зиёде эҷод намуда, ба вазъи соҳаҳои муҳими зиндагӣ, бахусус иқтисодиёту иҷтимоиёт, сиёсату фарҳанг ва ҳатто робитаҳои аҳли башар монеа эҷод кард. Дар ин баробар то ба ҳол доман паҳн намудани ин маризӣ миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ мавзӯи доғи рӯз ва мушкилоти ҳалнопазир дар кураи Замин боқӣ мемонад. Ин дар ҳолест, ки имрӯз дар аксар кишварҳои сайёра мавҷи дуюми бемории COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки ин ҳолат аз ҷомеаи башарӣ ҳушёрӣ ва риояи ҳатмии қоидаҳои санитарӣ- эпидемиологӣ ва бе шубҳа, қабули пешниҳодоти табибон дар самти ҳифзи саломатӣ аз олудашавӣ ба бемории мазкурро талаб менамояд»,-афзуд М.Муинӣ.

Мавсума Муинӣ таъкид намуд, ки маҳз бо дарки ин ҳолат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ аз мавҷи навбатии коронавирус тадбирандешии зарурӣ ба роҳ мондааст.

Яке аз ин тадбирҳо аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ манъ намудани баргузории ҳама гуна чорабиниҳои фарҳангӣ- фароғатӣ, шабнишиниҳо ба муносибати Соли нав мебошад. Дар ин миён аз аҳли мусъулини соҳаи тандурустии мамлакат, аз  ҷумла пойтахт даъват ба амал оварда шуд, ки дар самти пешгирии ҳама гуна бемориҳо, хосса COVID-19  аз ин ҳам бештар фаъолияти худро ба роҳ монанд.

Ҳамчунин Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки мутаассифона, қисми зиёди сокинону меҳмонони пойтахт  тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла муассисаҳои тандурустӣ, таълимӣ, бозору марказҳои савдо, нигоҳ доштани фосилаи муайяни иҷтимоиро дар сатҳи зарурӣ риоя накарда, ба саломатии худ ва наздиконашон беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд.

Ин ҳолат аз ҳамаи мо ҷиддияту қатъият ва ҳушёрӣ талаб менамояд.

Декабрь 4, 2020 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд