Дар Душанбе оид ба риояи қоидаҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 01.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Қариб як сол аст, ки бемории COVID-19 тамоми ҷаҳонро фаро гирифтаву имрӯзҳо мавҷи дуввуми он дар баъзе давлатҳо ба қайд гирифта шудааст. Дар иртибот ба ин аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ, интиқол ва сирояти ин навъи беморӣ тамоми тадбирҳо андешида мешаванд. Ҳамчунин дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии пайдоиш ва интиқоли бемории навъи коронавирус аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Мутаассифона, вазъияти рӯзҳои охир нишон медиҳад, ки қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе оид ба пӯшидани ниқоб дар тамоми ҷойҳои ҷамъиятӣ ва нигоҳ доштани фосилаи муайян дар пойтахт пурра амалӣ намегарданд.
Ин нуктаро имрӯз муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зимни баргузории ҳамоиш дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №102-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт оид ба пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баён дошт.
Дар ҷаласа муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода, муовинони раисони чор ноҳияи шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои шаҳрии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Маркази санитарию эпидемиологӣ»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсейҳо ва сохторҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Мавсума Муинӣ зикр кард, ки муҳтарам Раиси шаҳри Душанбе дар маҷлии назоратӣ бевосита дастури такрорӣ доданд, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии мамлакат ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷониби хонандагон, донишҷӯён ва дар маҷмӯъ, аз ҷониби сокинону меҳмонони пойтахт корҳои фаҳмондадиҳӣ пурра гузаронида шаванд.
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикисттон Самариддин Ализода зикр дошт, ки “вазъи имрӯзаи ҷаҳон вобаста ба бемории коронавирус ва мавҷи дуввуми он боиси нигаронист. Аз ин рӯ баҳри пешгирии интиқоли мавҷи дуввуми ин беморӣ Ситоди ҷумҳуриявӣ доир гардида, баргузории барномаҳои фарҳангӣ ва оммавиро манъ намуд. Ҳамчунин аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ хоҳиш карда мешавад, ки дастурамали Вазорати маориф ва илмро доир ба пешгирӣ ва паҳншавии ин беморӣ пурра риоя намоянд. Зеро мавҷи дуввуми ин беморӣ бештар ба шахсони ҷавон сироят менамояд, аммо аломатҳояшро маълум намесозад. Аз ин рӯ ҷавонон метавонанд дар ҷомеа манбаи сироят гарданд”.
Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе Абдухолиқ Амирзода иброз дошт, ки “аз рӯи санҷиши гурӯҳи кории мо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии мамлакат дастурамали ба бар намудани ниқоб ҳамагӣ 30 фоиз иҷро мегардаду халос. Ҳамчунин риояи масофаи иҷтимоӣ, санҷиши ҳарорат ва безараргардонӣ пурра иҷро намегарданд. Дар баъзе аз муассисаҳо ҳароратсанҷҳо аз ҷониби муҳофизон истифода мешаванд, ки ин аз рӯи талаботи дастурамал нест. Зеро як нафар наметавонад ҳарорати ҳамаи муҳассилинро пурра санҷад”.
Абдухолиқ Амирзода иброз дошт, ки тӯли се моҳи охир аз ҷониби ягон муассисаи таҳсилоти миёна ва олӣ ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр вобаста ба ҳарорати баланд доштани ягон муҳассил муроҷиат ворид нагардидааст. Агар ин аз як ҷониб хуб бошад, аммо аз ҷониби дигар шубҳанок метобад, ки наход тӯли ин қадар рӯзҳо ягон нафар бо ҳарорати баланд ба қайд гирифта нашуда бошад”.
Мавсума Муинӣ зикр дошт, ки хушбахтона, имрӯзҳо сатҳи гирифторӣ ба бемории COVID-19 дар ҷумҳурӣ, алалхусус дар шаҳри Душанбе коҳиш ёфтааст. Аз ин рӯ мо бояд фориғбол нагардем, балки қоидаҳо ва тавсияҳои Ситоди ҷумҳуриявиро пурра иҷро намоем.










Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд






