Дар Маҷлиси намояндагон роҳҳои баланд бардоштани сифати таълимро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рушди ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имконоти нави технологӣ, умуман рушди иҷтимоӣ мустақиман ба сифати рушди устувори маориф, ташкили ҷараёни мураттабу босифати таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён ва дар маҷмӯъ, ба сатҳи саводнокии миллат алоқаи ногусастанӣ дорад.
Ин матлабро узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ғиёсиддин Шарифзода дар ҳамоиши машваратие, ки имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим ва мутобиқ намудан ба меъёрҳои байналмилалӣ» баргузор гардид, баён намуд.
Ғиёсиддин Шарифзода доир ба қонунгузории мамлакат дар самти маориф ва илм сухан гуфта, самти маорифро аз муҳимтарин соҳаҳои ҷомеа маънидод намуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳамоиши мазкур таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ сурат гирифта, он дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон баргузор шуд.
«Дар ҳамоиш вакилони мардумӣ аз кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, инчунин дигар намояндагони вазорат иштирок намуданд. Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ доир ба масъалаҳои муҳими соҳаи маориф ва илм, чораҳои муҳими амалишуда дар роҳи татбиқи сиёсати давлат дар самти рушди маориф ва нақшаву барномаҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳалли мушкилоту норасоиҳои соҳаи маорифи мамлакат ба вакилони мардумӣ гузориши муфассал дод»,-афзуд манбаъ.
Дар фарҷоми маърӯзаҳо намояндагони Вазорати маориф ва илми мамлакат ба саволҳои вакилони мардумӣ посух гуфтанд.








Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






