Дар Маҷлиси намояндагон роҳҳои баланд бардоштани сифати таълимро баррасӣ намуданд

Декабрь 25, 2020 15:04

ДУШАНБЕ, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рушди ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имконоти нави технологӣ, умуман рушди иҷтимоӣ мустақиман ба сифати рушди устувори маориф, ташкили ҷараёни мураттабу босифати таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён ва дар маҷмӯъ, ба сатҳи саводнокии миллат алоқаи ногусастанӣ дорад.

Ин матлабро узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ғиёсиддин Шарифзода  дар ҳамоиши машваратие, ки имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим ва мутобиқ намудан ба меъёрҳои байналмилалӣ»  баргузор гардид, баён намуд.

Ғиёсиддин Шарифзода  доир ба қонунгузории мамлакат дар самти маориф ва илм сухан гуфта, самти маорифро аз муҳимтарин соҳаҳои ҷомеа маънидод намуд.

Тавре  котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳамоиши мазкур таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ сурат гирифта, он  дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон баргузор шуд.

«Дар ҳамоиш  вакилони мардумӣ аз кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, инчунин дигар намояндагони вазорат  иштирок намуданд. Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ доир ба масъалаҳои муҳими соҳаи маориф ва илм, чораҳои муҳими амалишуда дар роҳи татбиқи сиёсати давлат дар самти рушди маориф ва нақшаву барномаҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳалли мушкилоту норасоиҳои соҳаи маорифи мамлакат ба вакилони мардумӣ гузориши муфассал дод»,-афзуд манбаъ.

Дар фарҷоми маърӯзаҳо намояндагони Вазорати маориф ва илми мамлакат ба саволҳои вакилони мардумӣ посух гуфтанд.

Декабрь 25, 2020 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи вакилони Парламенти Люксембург мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон