Дар минтақаи Кӯлоб лимӯпарварӣ рушд меёбад

Декабрь 6, 2020 09:26

КӮЛОБ, 06.12.2020  /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Сумая» дар ду садяк замин гармхона бунёд намуда, дар он 25 ниҳоли лимӯ парвариш менамоянд. Лимӯпарварӣ чун бахши сердаромади соҳаи кишоварзӣ дар ин ҷамоати деҳот сол аз сол рушд мекунад.

Лимӯпарвариро хоҷагидорон бо истифодаи усулҳои нави аграрӣ пеш бурда, аз деҳконони варзида таҷриба омӯхтаанд. Ниҳолҳои лимӯ пурбор буда, аллакай як қисми ҳосилро дар бозору марказҳои савдо ба фурӯш баровардаанд. Масоҳати умумии гармхонаҳо дар худуди ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб сол аз сол бештар гардида, хусусан дар фасли тирамоҳу зимистон хоҷагидорон дар қатори дигар маҳсулоти кишоварзӣ лимӯ низ ба бозор ворид менамоянд ва аз фурӯши он фоидаи хуб ба даст меоранд. Бо зиёд шудани хоҷагиҳои лимӯпарвар ва меҳнати аҳлонаи марди деҳқон солҳои охир лимӯ дар бозорҳои сатҳи ҷумҳурӣ фаровон гардида, бо нархи дастрас пешниҳоди аҳолӣ шуда истодааст.

Лимӯпарварони хоҷагии деҳқонии “Сумая” иброз медоранд, ки таҷрибаи андӯхтаи хешро ба дигар сокинони деҳа меомӯзонанд, то лимӯпарварӣ дар гармхонаҳо рушду инкишоф ёбад

Давоми солҳои охир дар якчанд шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон  соҳаи лимӯпарварӣ рушд дорад. Кишоварзон бо аз худ намудани нозукиҳои соҳа ниҳолҳои лимӯро дастрас намуда, бо тавсияи мутахассисон парвариш мекунанд ва ҳосили хуб мерӯёнанд.

Декабрь 6, 2020 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид