ДАР ПАСМАНЗАРИ ПАНДЕМИЯИ COVID-19. СММ бори аввал Рӯзи байналмилалии омодагӣ ба эпидемияро таҷлил кард

Декабрь 28, 2020 13:35

ДУШАНБЕ, 28.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пандемияи коронавирус намунаи равшани оқибатҳои фалокатборест, ки метавонанд барои инсоният эпидемияҳои бемориҳои сироятӣ гарданд. Тайи як сол беш аз 81 миллион нафар ба COVID-19 сироят ёфта, зиёда аз 1,7 миллион нафар фавтидаанд. Аксари кишварҳо ба вазъияти бӯҳронӣ дучор шуданд. Тамоми соҳаҳои иқтисод зарар диданд, бисёр ширкатҳо муфлис шуданд ва даҳҳо миллион одамон бекор монданд. СММ инро дар Рӯзи байналмилалии омодагӣ ба эпидемия ба ёд овард. Имсол он бори аввал дирӯз, 27 декабр таҷлил карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти иттилооти СММ.

«Аввалин таҷлили Рӯзи байналмилалии омодагӣ ба эпидемия ба охири сол рост омад, ки тайи он сенарияе, ки бисёриҳо аз он метарсиданд, ба таври фоҷиабор рух дод», — гуфт дабири кулли СММ дар паёми худ ба муносибати Рӯзи нави байналмилалӣ.

«Ҳоло, вақте ки мо кӯшиш дорем, ки пандемияи ҳозираро таҳти назорат гирем, бояд аллакай дар бораи бемории навбатӣ андешем. Мутаассифона, метавон вирусеро ба осонӣ тасаввур кард, ки ҳамин гуна гузаранда ва ҳатто хатарноктар бошад», — илова кард Антонио Гутерриш.

Ӯ даъват кард, ки инсоният дарсҳои дар тӯли ин сол аз худкардаро фаромӯш насозад. Кишварҳо бояд системаҳои тандурустиро тақвият диҳанд ва дастрасии ҳама шаҳрвандонро, бе истиснои хадамоти тиббӣ, таъмин кунанд. Мо бояд системаи ҳифзи иҷтимоиро такмил диҳем. Давлатҳо бояд бо ҳамдигар фаъолона ҳамкорӣ намоянд.

Одамон ҳамчунин бояд ҳамзистӣ бо табиатро омӯзанд ва тамоми ҳудудҳои навро аз олами вуҳуш нагиранд: роҳбари СММ, аз ҷумла ёдовар шуд, ки 75 фоизи бемориҳои нави сироятӣ зоонотикӣ мебошанд.

ДАР АКС: СММ омодагӣ ба пандемияи навбатиро зарур мешуморад: системаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳким бахшида шавад. Акс аз СБМ

Декабрь 28, 2020 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид