Дар ШСХК «Барқи Тоҷик» телефонҳои боварӣ фаъол шуданд
ДУШАНБЕ, 19.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади риояи низоми истифодаи сарфакоронаи барқ, ошкор намудани истифодаи ғайриқонунии барқ, ки зарараш ба тамоми ҷомеа мерасад ва сабабгори вайрон шудани танзими таъминот мегардад, инчунин робитаи доимии кормандони соҳаи барқ бо муштариён дар ШСХК «Барқи Тоҷик» аз 18 декабри соли 2020 телефонҳои боварӣ фаъол шуданд.
Тавре сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, навбатдорон ба таври шабонарӯзӣ кор мекунанд. Онҳо ҳар занги телефониро ба қайд гирифта, оҷилона ба танзимгарон ва масъулони таъминоти барқи Хадамоти марказии таъмини барқи ширкат ва шабакаҳои барқии минтақаҳо мерасонанд, то сари вақт тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Фаъолияти навбатдорон ва тадбирҳои андешидаи масъулон дар ин бобат ҳар пагоҳӣ дар ҷаласаи роҳбарияти ширкат баррасӣ мешавад.
“Тавассути телефони боварӣ ҳамкорӣ намудан бо ширкат ба манфиати ҳар шахс ва тамоми ҷомеа мебошад”,-мегӯяд Н. Ёдгорӣ.
ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ 93-355-51-51; 93-355-52-52; 235-86-84








Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст






