Дар таркише дар вулусволии Домони Қандаҳор 31 тан захм бардоштанд

Декабрь 8, 2020 09:20

ДУШАНБЕ, 08.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти маҳаллии Қандаҳор 7 декабр иттилоъ додаанд, ки дар ноҳияи Домани ин вилоят бар асари таркиши мошини бомбгузоришуда 31 нафар, аз ҷумла 15 ғайринизомӣ захмӣ шуданд. Ҷамол Баракзай, сухангӯйи ситоди полиси Қандаҳор гуфтааст, ки таркиш ба бинои ситоди полис низ хисорот ворид кардааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Мақомоти маҳаллӣ афзудаанд, ки ин ҳодиса замоне рух додааст, ки мошини тамғаи «Мазда» -и пур аз маводи тарканда дар назди идораи полиси ноҳия таркидааст.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯйи волии Қандаҳор Баҳир Аҳмадӣ изҳор намуд, ки дар натиҷаи таркиш 15 ғайринизомӣ, 9 корманди полис, аз ҷумла, сардори полиси ноҳия Абдулвадуд, ҳафт полис ва ду корманди амнияти миллӣ ҷароҳат бардоштанд.

Ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла «Толибон», масъулияти таркишро ба дӯш нагирифтааст.

Полиси Қандаҳор инчунин аз таркиш дар ноҳияи Ҷирии ин вилоят хабар додааст.

Ба гуфтаи полис, ҳамлагари маргталаб, ки мехост бо истифода аз мошини бомбгузоришуда ба неруҳои ҳукуматӣ ҳамла кунад, пеш аз расидан ба ҳадаф аз тарафи нерӯҳои давлатӣ маҳв карда шуд.

Дар ин рӯйдод нерӯҳои ҳукуматӣ талафот надидаанд.

Декабрь 8, 2020 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд