Дар Тоҷикистон ба ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони маъюб таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад, -бардошт аз ҳамоиш
ДУШАНБЕ, 03.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони маъюб тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи ветеранҳо» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд. Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро эътироф намуда, ба чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла таҷлили Рӯзи байналмилалии маъюбон арҷ мегузорад. Ин матлаб дар ҳамоише, ки имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон дар шаҳри Душанбе доир шуд, баён гардид.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҳамоиш Шодихон Ҷамшед иброз дошт, ки масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, махсусан маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тавонбахшии маъюбон ва экспертизаи тиббию иҷтимоӣ корҳои муайян ба анҷом расонида шудаанд. Бо ин мақсад дар сохтори вазорат як Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» ташкил гардида, фаъолияти он ба роҳ монда шудааст. Муассисаи мазкур баҳри пешгирӣ, коҳиш додани сатҳи маъюбӣ ва паст намудани хуруҷи бемориҳои асосии дорои ҷанбаи иҷтимоӣ фаъолияти ҳамарӯзаи худро равона сохта, тавассути бахшҳои амбулаториву табобатӣ шахсони имконияташон маҳдуд, беморону ниёзмандонро бо имконоти мавҷуда ба хизматрасонии тиббӣ фаро мегирад.
Дар ҳамоиши мазкур муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, Намояндаи Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Пратибха Меҳта, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Қудратулло Қурбонов, намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд, роҳбарони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ иштирок намуданд.








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






