ДАРАХТ БИНШОН! Дар Хуҷанд беш аз 70 бех шоҳбулут ва 50 бех сарви аризонӣ шинонида шуданд

Декабрь 15, 2020 08:32

ДУШАНБЕ, 15.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ду шафати хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд беш аз 70 бех ниҳолҳои дарахтони шоҳбулут шинонида шуданд, ки ояндаи наздик ба шаҳр шукӯҳу  шаҳомати хосса  мебахшанд. Сипас бо ҷалби кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар майдони Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 50  бех ниҳолҳои барқади сарви аризонӣ шинонида шуданд. Дар ин маъракаи ниҳолшинонӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иштирок намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Раиси вилояти Суғд Рачаббой Аҳмадзода баробари оғоз намудани мавсими ниҳолшинонӣ масъулинро ба вусъат бахшидани маъракаи ободонӣ ва  сабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди шаҳр даъват намуд. Дар ин замина таваҷҷуҳи махсус ба интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусияти ороишиашон  ба хиёбону маҳаллаҳои шаҳр ва  риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ равона гардид. Зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи дарахтон мебошад.

Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарони шаҳр дастур дод, ки барои ободу зебо намудани ҳар гӯшаи шаҳр ҷаҳд намуда, баҳри бунёди майдончаҳои варзишӣ, маконҳои истироҳатӣ, фароғатӣ ва дар маҷмӯъ барои шаҳрвандон муҳайё намудани шароити арзанда аз тамоми имконот истифода намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки шоҳбулут яке аз дарахтони маъмултарини кишварҳои Аврупо, Осиё ва Амрикои Шимолӣ буда, дар фазои гарми субтропикӣ парвариш карда мешавад. Дарозии он ба 30 метр расида, бо баргҳои калонаш дар шакли контурӣ мудаввар мешавад. Дар тамоми қисмҳои ин дарахт ғизоҳо мавҷуданд. Дарахти шоҳбулут  дорои моддаҳои фаъоли биологӣ, флавоноидҳо, инчунин пектинҳо, равғанҳо, крахмал ва танин мебошад. Дар пӯсти тана ва шохаҳо гликозидҳо, танинҳо ва равғанҳо мавҷуданд.

Шоҳбулутро барои табобати инфузияҳо, ҷӯшобҳо, тентураҳои спиртӣ истифода менамоянд. Он ҳамчунин барои гипертония, атеросклероз, бемориҳои дил ва рагҳо, барои табобат ва пешгирии тромбоз ва эмболия истифода мешаванд.

Декабрь 15, 2020 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад