Дастаҳои мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Эрон бозиҳои рафиқона мегузаронанд
ДУШАНБЕ, 19.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба чемпионатҳои Осиё, ки соли оянда баргузор мешаванд, дастаҳои футболи мунтахаби наврасони то 16-сола ва ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо ҳамсолонашон аз Эрон бозиҳои рафиқона доир мекунанд. Дастаҳои мунтахаби наврасон ва ҷавонони Эрон тавассути хатсайри махсуси ҳавоӣ ҳафтаи оянда ба шаҳри Душанбе меоянд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
23 ва 26 декабр дар шаҳри Душанбе бозиҳои рафиқона миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ва Эрон сурат мегиранд. 24 ва 27 декабр вохӯрии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-солаи ду давлат доир мегардад.
Ёдрас мешавем, ки дастаҳои мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон соли оянда дар чемпионати Осиё, ки мутаносибан дар Баҳрайн ва Ӯзбекистон баргузор мешаванд, ширкат менамоянд. Дар Чемпионат миёни наврасон дар Баҳрайн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои мунтахаби Уммон, Яман ва АМА бозӣ мекунад. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби Малайзия, Яман ва Қатар вомехӯрад.
Бозиҳои рафиқона
23 декабр (чоршанбе)
Оғоз – 14:00
Тоҷикистон (U-16) – Эрон (U-16)
24 декабр (панҷшанбе)
Оғоз – 14:00
Тоҷикистон (U-19) – Эрон (U-19)
26 декабр (шанбе)
Оғоз – 14:00
Тоҷикистон ( (U-16) – Эрон (U-16)
27 декабр (якшанбе)
Оғоз – 14:00
Тоҷикистон (U-19) – Эрон (U-19)
Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






