Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ҷамъомади дуюми омӯзишию машқиро оғоз кард
ДУШАНБЕ, 04.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев ҷамъомади дуюми дуҳафтаинаи омӯзишиву машқиро дар шаҳри Душанбе оғоз кард. Мубин Эргашев барои ширкат дар ин ҷамъомад 27 бозингар, аз ҷумла 4 дарвозабон, 8 муҳофизатгар, 8 ниммуҳофизатгар ва 7 ҳамлагар даъват кардаст. Мувофиқи нақшаи ситоди мураббиён, дар ин ҷамъомади омӯзишиву машқӣ даста рӯзе се маротиба тамрин мекунад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ёдрас мешавем, ки марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё аз 3 то 20 моҳи марти соли оянда дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» баромад мекунад. Рақибони дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳои мунтахаби ҷавонони Малайзия, Яман ва Қатар мебошанд.
Чор дастаи беҳтарини марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2021 соҳиби роҳхат ба чемпионати ҷаҳон байни ҷавонони то 20-сола мешаванд. Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонони то 20-сола дар давлати Индонезия баргузор хоҳад шуд.
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон (U-19) барои иштирок дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Душанбе:
Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»), Шоҳрух Қирғизбоев, Самандар Каримов (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Барқчӣ»);
Дифоъгарон: Алиҷон Кароматуллозода (КМВА), Қиматшо Муминшоев («Панҷшер»), Манучеҳр Сафаров, Исроил Холов, Муҳаммад Саломзода, Ҷонибек Шарипов, Шоҳрух Сангов (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Сафиаллоҳи Назарзода («Хатлон»);
Ниммуҳофизон: Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Амадони Камолов («Истиқлол»), Шерзод Дадабоев, Муҳаммад Бӯризод, Ҳикматило Исмоилов (ҳама аз «Барқчӣ»), Эмомалӣ Аҳмадхон, Шӯҳрат Элмуродов, Шарифбек Раҳматов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Металлург», Узбекистон), Рустам Соиров («Истиқлол»), Салам Ашурмамадов («Истаравшан»), Азизбек Ҳасанов, Парвиз Ҳоҷиев (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).
Сармураббӣ – Мубин Эргашев.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






