Дастаи «Ориёнбонк» дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футзал байни дастаҳои силсилаи «А» ғалаба кард
ДУШАНБЕ, 15.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Ориёнбонк» дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футзал байни дастаҳои силсилаи «А» дар минтақаи Душанбе ғолиб гардид. Мусобиқаи Серияи А оид ба футзал дар Душанбе бо иштироки сездаҳ даста оғоз ёфта, ду моҳ идома кард. Дар марҳилаи аввал дастаҳо дар як давр бо низоми махсус бозӣ карданд. Баъдан ҳашт даста ба даври ¼-ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар марҳилаи плей-офф бозиҳо аз рӯи системаи олимпӣ гузаронида шуданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар вохӯрии ниҳоӣ дастаҳои «Ориёнбонк» бо «Иттифоқ» байни ҳам вохӯрданд. Бозии ҳалкунандаи силсилаи «А» ҷолиб ва диданӣ доир гардид. Дар вақти асосӣ дастаҳо ғолибро муайян карда натавонистанд.-3:3 ва дар силсилаи пеналти футзалбозони «Ориёнбонк» бо натиҷаи 3:2 пирӯз шуда, ғолиби Серияи А-и футзали тоҷик дар минтақаи Душанбе гардиданд.
Дар маросими тақдими ҷоиза ғолибон ва ҷоизадорон бо медалу дипломҳо сарфароз гардонида шуданд. Кумитаи тадорукоти чемпионат бозингарони беҳтаринро муайян кардааст.
Фирӯз Зайниддинов («Ориёнбонк») беҳтарин дарвозабон дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин ҳимоятгар ба Алиҷон Ҳабибуллоев («Истиқлол») супорида шуд.
Беҳтарин футболбоз ба Меҳроб Раҳимов («Корвон») тақдим карда шуд.
Коулман Акуенте («Иттифоқ») беҳтарин бозингари универсалӣ дониста шуд.
Ибодулло Назиров («Ориёнбонк») ҷоизаи беҳтарин нишонзани серияи «А» -ро дар минтақаи Душанбе гирифт.
Бобомурод Мирзоев («Иттифоқ») беҳтарин мураббии чемпионат дониста шуд.








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






